«35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ». Таҳти ин унвон нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳия гардида истодааст

Январь 13, 2022 13:13

ДУШАНБЕ, 13.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 12 январ дар ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2021  иброз доштанд, ки «дар Паёми навбатии Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки то соли 2026, яъне то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои ободониву созандагӣ дар тамоми кишвар вусъат дода шаванд. Ба хотири иҷрои супориши Пешвои миллат мо нақша дорем, ки дар панҷ соли оянда шумораи ҷойҳои нави кориро ба 250 ҳазор расонем».

Рустами Эмомалӣ ҳамчунин таъкид намуданд, ки  ин ҳидоят мо ва сокинони масъулиятшиноси пойтахтро водор месозад, ки тамоми саъю кӯшишро ҷиҳати боз ҳам ободу зебо намудани пойтахти мамлакат  — шаҳри Душанбе, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ барои аҳолӣ равона созем.

Дар ин робита, ба муовини якум ва муовинон якҷо бо сохторҳои дахлдори Раиси шаҳр супориш дода шуд, ки дар муддати ду моҳ нақшаи чорабиниҳои «35-солагии Истиқлолияти давлатӣ»-ро бо баррасии ҳамаҷонибаи захираву имконияти мавҷуда ва ҷалби соҳибкорон ва шахсони ташаббускору эҳсонкор таҳия карда, барои тасдиқ ва иҷро пешниҳод намоянд.

Дар ҷаласаи мазкур Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мавриди  ба талаботи шаҳрсозӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахт таъкид намуданд, ки иншооту биноҳои шаҳр бояд бо усули замонавӣ ва бо дарназардошти санъати баланди меъмории миллӣ, зебо ва бо сифати баланд бунёд карда шаванд, то ба наслҳои оянда садсолаҳо хизмат расонанд.

— Дар ин робита кори комиссияҳои қабули давлатии иншооту биноҳо беҳбудиро тақозо менамояд, зеро аксар вақт биноҳо бе инобати роҳҳои зарурӣ, майдончаҳои бозии кӯдакон, шароит барои маъюбон, таваққуфгоҳҳо бунёд карда мешаванд. Вобаста ба ин, ба муовини якум ва сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳо андешанд, — супориш доданд Раиси шаҳр.

Январь 13, 2022 13:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи август «Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» оғоз гардид
«RED BUS TOURS». Имрӯз дар Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Дар Душанбе Ниммарафони байналмилалии «One run» баргузор шуд
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе бо ҳайати шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург доир мегарданд
Дар Душанбе Озмуни шаҳрии «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Муовини Раиси шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии ҳамкорӣ ва рушди бародаршаҳрҳои Чэнду-2026 иштирок намуд
Кумаки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчии ҷанг аз Душанбе расонида шуд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нави ширкати «Акиа Авесто автоматив индастри» иштирок намуданд