Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон як қатор тағйироти кадрӣ ба амал оварданд

Январь 26, 2022 15:50

ДУШАНБЕ, 26.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ аз вазифаи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримзода Саъдӣ Ғафор вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Музафар Бурҳон муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Ҳамчунин, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Раъно — иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон, Муинӣ Мавсума — иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон, Маҳмудзода Қаюмҷон — иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истиқлол ва Муҳаммадзода Шӯҳрат — раиси ноҳияи Ашт таъин гардиданд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирдадо Зариф ва Зоҳидзода Даврон муовинони Раиси вилояти Суғд ва Маҷидӣ Бахтиёр директори генералии Корхонаи муштараки Тоҷикистону Канадагии масъулияташ маҳдуди “Апрелевка” дар шаҳри Гулистон таъин шуданд.

Зимни мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кадрҳои таъингардида ҷиҳати таҳким бахшидани раванди омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, татбиқи нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, таҳия ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо вобаста ба амалигардонии “Солҳои рушди саноат 2022-2026”, иҷрои ҳадафҳои созанда ва татбиқи сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат, дар самтҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, бахши аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои ободонӣ, истифодаи оқилонаи замин, хусусан заминҳои корам ва заминҳои наздиҳавлигӣ, гирифтани ду се ҳосил аз заминҳои обӣ, рушди бахши кишоварзӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулот, ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ баҳри рушди соҳа, дастгирии соҳибкорӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати кишоварзӣ, рушди соҳаи агросаноатӣ, аз ҷумла тухмипарварӣ, зироатпарварӣ, чорводорӣ, тақвияти фаъолияти муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг дастуру супоришҳои муфид доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба, риояи ҳатмии талаботи қонунгузории мамлакат, боло гузоштани манфиатҳои миллию давлатӣ аз манфиатҳои дигар, пешгирии амалҳои ғайриқонунии вобаста ба суииситифода аз мансаби давлатӣ, қобилияти баланди роҳбарию ташкилотчигӣ, мусоидат ба рушди бештари иқтисодию иҷтимоӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ҷиҳати вусъати тадбирҳои бунёдкорию ободонӣ, иртиботи доимӣ бо мардум ва ҳали саривақтии мушкилоти онҳоро талаб намуданд.

Таъиноти кадрӣ 26.01.2022

Январь 26, 2022 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатӣ оид ба корҳои савдои хориҷии Вазорати тиҷорат ва савдои Давлати Қатар Аҳмад ибни Муҳаммад Ас-Сайидро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири иқтисод ва дороии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Алӣ Маданизодаро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо Татяна Молчанро ба ҳузур пазируфтанд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест — 2025» иштирок намуданд
Анҷоми сафари Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар Тоҷикистон
Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуданд