АҲСАН! Давлат Болтаев чемпиони Осиё оид ба бокс шуд

Январь 31, 2022 08:20

ДУШАНБЕ, 31.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 29 январ варзишгари тоҷик Давлат Болтаев дар муҳорибаҳои финалии Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола дар финал бар варзишгари Қирғизистон Рустам Урурсбек уулу пирӯз шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Аввалин Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон 22-29 январ доир гардид.

Дар финал 7 нафар узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон муҳориба карданд ва танҳо Давлат Болтаев дар вазни -92кг ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд.

Дигар варзишгаронамон — Сумайя Қосимова (48кг), Акбаралӣ Абдураҳмонзода (51кг), Абдумалик Болтаев (75кг), Некрӯз Салимов (80кг), Шаҳбоз Ҳаитов (86кг) ва Муҳаммад Аброриддинов (+92кг) аз ҳарифонашон шикаст хӯрда, сазовори медали нуқра шуданд.

Қаблан Малика Нозимова (63кг), Ҳусния Холова (52кг), Хусравхон Раҳимов (57кг) ва Расул Аҳадов (67кг) медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Ҳамин тариқ, аз 18 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола 11 нафар ба гирифтани медалҳо- 1 тилло, 6 нуқра, 4  биринҷӣ мушарраф шуданд.

Дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола 190 варзишгар аз 12 давлати қора иштирок доштанд.

АКСҲО: КМО Тоҷикистон

Январь 31, 2022 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд