Аз вилояти Хатлон беш аз 440 ҳазор нафар сайёҳон боздид намудаанд
ДУШАНБЕ, 22.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 аз вилояти Хатлон беш аз 440 ҳазор нафар сайёҳон, аз ҷумла 2676 сайёҳи хориҷӣ дидан намуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.
Дар вилоят баҳри ҷалб намудани шумораи сайёҳони хориҷӣ дар оянда низ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, аз имконияти мавҷуда мақсаднок истифода карда мешавад.
«Дар айни замон дар ҳудуди вилоят 931 ёдгориву мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 112 меҳмонхона, 130 мавзеи сайёҳӣ, 134 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 132 тарабхона, 43 осорхона, 17 ширкати сайёҳӣ, 119 чойхона, 306 банкомати хизматрасониҳои бонкӣ, 61 адад ҳомстей ва гестхаусҳо, 88 мағозаи фурӯши армуғонҳо, 115 зиёратгоҳ, 46 боғи фарҳангӣ — фароғатӣ ва гулгаштҳо, 83 адад ишораҳои сарироҳӣ ва 27 маркази иттилоотии сайёҳӣ мавҷуд мебошанд, ки ҳамарӯза ба сайёҳон хизмат мерасонанд»,-хабар дод манбаъ.
Ҳамчунин бо мақсади рушди сайёҳӣ ва ба сайёҳон дастрас будани маълумот оид ба мавзеъҳои сайёҳии вилоят сомонаи сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Sayohikhatlon.tj бо се забон фаъол гардидааст.
ДАР АКС мавзеи Чилдухтарон. Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд






