Бо мақсади пешгирӣ аз хатари батареяҳои истифодашуда ба муҳити зист аксияи экологӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 25.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҷмааҳо ва марказҳои савдои «Ашан», «Авранг» ва «Пайкар» бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Пешсаф» дар шаҳри Душанбе аксияи экологӣ оид ба пешгирӣ аз хатари батареяҳо ба муҳити зист баргузор гардид.
Аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар ҷараёни ин ташаббус дар даромадгоҳҳои марказҳои савдои «Ашан», «Авранг» ва «Пайкар» қуттиҳои махсус барои партофтани батареяҳои истифодашуда гузошта шуданд. Ҳамзамон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ барои иштирок дар ин иқдом дар ин иқдом ба харидорон варақаҳои тарғиботӣ бо навиштаҷоти муомилоти зарурӣ бо партовҳои электронӣ, аз ҷумла батареяҳо тақсим гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки батареяҳо ба табиат зарари ниҳоят калон доранд. Ҳолатҳое вомехӯранд, ки пас аз анҷоми муҳлати истифода онҳо бо партовҳои ҳосилшудаи табиӣ якҷо карда шуда, ба партовгоҳи умумӣ бароварда мешаванд. Бо мурури замон онҳо таҷзия шуда, ба моддаҳои зараровар табдил меёбанд, ки ба аҳолӣ ва муҳити зист зарари калон мерасонанд.
Дар аксар маврид батареяҳои истифодашуда дар қуттиҳои махсуси коркарди партов ҷойгир карда нашуда, баръакс дар партовгоҳ ё ин ки дар кӯча партофта мешаванд. Ҳадаф аз баргузории чунин аксияҳои экологӣ ба аҳолӣ фаҳмондани зарари батареяҳои истифодашуда ба муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии сокинон мебошад.
АКСҲО: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ










ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






