Дар Донишгоҳои давлатии Данғара таҳти унвони «Гуногунии биологӣ ва ҳамбастагии он ба амнияти озуқаворӣ» конференсия доир шуд

Январь 25, 2022 16:21

ДУШАНБЕ, 25.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. 22-24 январ дар Донишгоҳи давлатии Данғара конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ  дар мавзӯи «Гуногунии биологӣ ва ҳамбастагии он ба амнияти озуқаворӣ»  баргузор гардид, ки он ба  эълон гардидани солҳои 2020-2040  «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва гиромидошти хотираи  собиқ дотсенти кафедраи биология ва биотехнология Хайрулло Амирқулов бахшида шуд, хабар дод ба АМИТ «Ховар» сардори бахши  гурӯҳи таҳлилии таъмини бехатарии иттилоот ва кор бо сомонаҳои донишгоҳ Муҳаммад Шораҳимзода.   

Дар конференсия олимон, муҳаққиқон аз Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловскийи АМИТ, устодони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  ва Донишгоҳи давлатии Данғара иштирок  намуданд.

Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара  профессор Нуралӣ Шоҳиён  иброз намуд, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавӣ  бояд пурзӯр гардонида шуда, мо  бояд наврасону ҷавононро  ба мутолиаи китобҳои илмию  бадеӣ ташвиқ  намоем, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшем ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем.

-Зеро масъалагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ  нисбат ба соҳаи илму маорифи кишвар, ҳамаи мо масъулини мактабҳои олиро вазифадор менамояд, ки чораҳои заруриро бештар амалӣ намоем. Мояи шодмонист, ки  Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад,- афзуд Нуралӣ Шоҳиён.

Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара  ёдовар шуд, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар панҷ соли минбаъда беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот сохта ба истифода супорида мешавад, ки он  аз сиёсати бунёдкорона ва маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат сарчашма мегирад.

Кори конференсия аз ду бахш иборат буд,  дар он масъалаҳои муҳофизати олами наботот ва ҳайвонот, истифодабарии самаранокии замин ва усулҳои муосири таълими фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ мавриди таҳлилу баррасии олимону муҳаққиқон зимни суханрониҳо қарор гирифт.

Гуфта шуд, ки соҳаи кишоварзии Тоҷикистон метавонад мамлакатро бо маводи озуқа таъмин созад. Барои ин захираҳои кофии замину об ҷиҳати васеъ кардани майдонҳои кишти зироат ва ҷангалзор, имкониятҳои зиёд мавҷуд мебошанд. Аммо усули маъмули истифодаи киштзорҳо боиси мушкилоти ҷиддии экологӣ мегардад ва имконоти онҳоро маҳдуд месозад. Ин нафақат дар эътибор надодан ба макони ҷойгиршавии замин вақти киштукор зоҳир мешавад, ҳамчунин воситаҳои коркарди механикию кимиёвии хок низ масъалаи хеле муҳим мебошад. Ҳамчунин муносибати бепарвоёна дар истифодаи неъматҳои табиат,   беназоратӣ дар самти шикори ҳайвоноту моҳӣ, ҷамъоварии гиёҳҳо ва буридани дарахтон аз дигар мушкилоте ҳаст, ки бояд ба онҳо эътибори ҷиддӣ дода шаванд. Зеро шарти асосии амалӣ гардидани амнияти озуқаворӣ ин ба вуҷуд овардани заминаи мустаҳками умури ғизоӣ мебошад. Дар кишвари мо бо сабаби камбудани замин, ҳосилнокии пасти онҳо низ  бояд  пурра бартараф гарданд. Барои аз байн бурдани  ин омилҳои манфӣ, интихоби дурусти тухмиҳои хушсифат,  парвариши чорвои хушзот, гузаштан ба технологияҳои муосиру сарфакоронаи  коркарду парвариши онҳо хеле муҳим мебошад. Ин ҳолат бо назардошти технологияҳои муосир, таҷдиди заминаи моддию техникии истеҳсолоти кишоварзиро низ талаб мекунад.

Бахши дигари конференсияи мазкур  ба хотираи  устоди зиндаёди  Донишгоҳи давлатии Данғара Хайрулло Амирқулов ва саҳми номбурда  дар рушди соҳаи аграрии Тоҷикистон бахшида шуд.

Директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловскийи Академияи миллии илмҳои   Тоҷикистон Файзалӣ Ҳакимов оид ба кору фаъолият ва  хизматҳои арзандаи ин донишманд ибрози назар намуд.  Аз ҷумла зикр гардид, ки  саҳми  Хайрулло Амирқулов дар рушди таҳқиқоти ихтиологӣ (ихтиолог — омӯзиши физиологияи моҳӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзанда аст. Аз ҷониби ӯ 15 намуди моҳиёни обанбори Норак ба таври муфассал таҳқиқ гардидааст.   Ба қалами  устод Хайрулло Амирқулов 3 китоби дарсӣ, 15 дастурамал ва зиёда аз 60 мақолаи илмӣ тааллуқ дошта, баҳри хизматҳои шоён ва фаъолияти пурсамари омӯзгорӣ бо унвони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ гардидааст. Аз ҷониби Раёсати Донишгоҳи давлатиии Данғара пешниҳод гардид, ки баҳри хизматҳои шоёни ин донишманди тоҷик дар донишгоҳ барои донишҷӯёни риштаи аграрӣ, стипендияи иҷтимоӣ ба номи Хайрулло Амирқулов таъсис дода шавад.

АКСҲО  аз Донишгоҳи давлатии Данғара

Январь 25, 2022 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«БЕҲТАРИН ЁРИ ВАФОДОР КИТОБ АСТ, КИТОБ». Имрӯз дар Душанбе беш аз 15 ҳазор нусха китоб ба намоиш-фурӯш пешниҳод гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 бо шарофати дастоварди варзишгарони Тоҷикистон 134 маротиба Суруди миллӣ дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ садо додааст
Дар Суғд барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ озмун гузаронида мешавад
Пагоҳ дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 64 фоизи аҳолии калонсоли ноҳияи Шаҳринав дорандаи корти бонкӣ мебошанд
«Бисоз Life»: 2,5 маротиба бештар суҳбат намоед!
Имрӯз дар Тоҷикистон борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Вобаста ба таҳким бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши маърифатӣ-ҳуқуқӣ доир гардид
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳамкориро бо Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ тақвият мебахшад