Дар Душанбе оид ба нақши мақомоти гумрук дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 19.01.2022./АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 30-солагии таъсиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи фаъолияти гумрукии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзӯи «Мақомоти гумрук дар даврони истиқлолият: рушд ва муаммоҳо» ҳамоиш доир гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар ҳамоиш кормандону собиқадорони Хадамоти гумрук ва устодони донишгоҳ мавзӯъҳои саҳми имтиёзҳои тарифии гумрукӣ дар рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва вазъи имрӯзаву имконияти рушди иқтидори содиротии кишварро баррасӣ намуданд.
Дар ҳамоиш сардори Раёсати илм ва инноватсия Евгения Мирзоева доир ба нақши мақомоти гумрук дар пешрафти иқтисодиёти кишвар сухан гуфт. Ҳамзамон дар ҳамоиш муовини якуми сардори Раёсати минтақавии гумрук дар шаҳри Душанбе Хуршед Бобоев, декани факултети гумруки Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони гумрук Сабзалӣ Шарифзода, инчунин кормандони масъули Хадамоти гумрук ва устодони Донишгоҳи давалтии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзӯъҳои «Гузаргоҳҳои гумрукии Бухорои Шарқӣ дар охирҳои асри IX ва ибтидои асри XX», «Омилҳои асосии пешбарандаи фаъолияти мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуданд.
Зикр шуд, ки соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, муайян намудани самтҳои рушди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард.
Бо мақсади таъмини амнияти иқтисодӣ ва ҳифзи манфиатҳои иқтисодии Тоҷикистон, ташкили назорати гумрукӣ, пешгирии муомилоти ғайрииқонунии маводи нашъаовар ва мубориза бар зидди қочоқ 22 январи соли 1991 Саридораи назорати гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Новобаста аз мушкилиҳои сиёсӣ ва давраи ҳассостарини инкишофи таърихи давлатдории тоҷикон, дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 ноябри соли 1992 дар баробари ҳалли масъалаҳои муҳимтарини сиёсӣ нахустин Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарифи гумрукӣ» қабул гардид.
Кори мақомоти гумрук аз он замон сарчашма гирифта, вазифаҳои ниҳоят мураккаб, ба мисли ҳимояи манфиатҳои иқтисодии давлат, пешгирии қочоқи молу воситаҳои нақлиёт ва дигар маводи хатарнок, барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукӣ, ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ва пеш бурдани омори гумрукиро ба уҳда дорад.
Мақомоти гумрук дар тӯли 30 соли фаъолият ба муваффақияти назаррас ноил гардида, дар радифи дигар сохторҳои бахши иқтисодӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар рушди ҷомеа саҳми арзанда гузоштааст. Зимни мубодилаи афкор иштирокчиёни ҳамоиш доир ба беҳтар намудани самти фаъоияти мақомоти гумрук пешниҳодҳои судманд баён намуданд.
АКСҲО аз Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон









Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид






