Дар Истаравшан ҳаҷм ва теъдоди стипендия барои хонандагони болаёқатро зиёд карданд

Январь 21, 2022 10:18

ДУШАНБЕ, 21.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори раиси шаҳри Истаравшан аз 14 январи соли 2022 ҳаҷм ва теъдоди стипендия барои хонандагони болаёқати шаҳр зиёд карда шуд. Ҳаҷми стипендияи раиси шаҳр барои хонандагони болаёқат ба 1000 (ҳазор) сомонӣ расида, теъдоди гирандагони он аз 50 ба 65 нафар  расонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.

«Ин иқдом баҳри  иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми навбатӣ ҷиҳати  ҳавасмандгардонии хонандагони  лаёқатманд баён доштанд, амалӣ гардид. Соли хониши 2021 шумораи гирандагони стипендияи раиси шаҳри Истаравшан  аз 20 нафар ба 50 нафар расонида шуда, маблағи солонаи гирандагони стипендия ба 900 сомонӣ, дар умум 45 000 сомонӣ барои 50 нафар муқаррар гардида буд»,-афзуд манбаъ.

Айни замон тибқи Низомнома 15 стипендияи нав ба хонандагони лаёқатманди шаҳр, аз ҷумла барои Литсейи касбӣ-техникии шаҳр 5 адад, Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ 5 адад ва Коллеҷи тиббии шаҳр 5 адад пешбинӣ карда шудааст.

Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии  шаҳри Истаравшан тасмим гирифтааст, ки  минбаъд низ баҳри баланд бардоштани шароити иҷтимоии сокинони шаҳр тадбирҳои зарурӣ андешад.

                                                              АКС: МИҲД-и в. Суғд

Январь 21, 2022 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд