Дар Истаравшан бахшида ба ҷашни Сада намоиши театрӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 26.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷашни Сада дар Ҷамоати деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан, ки макони асосии тантанаҳои ҷашнӣ интихоб шуда буд, бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд. Дар ҷашнгоҳ ярмарка-фурӯши ниҳол ва маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ташкил гардид, хабар дод корманди Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба АМИТ «Ховар».
Дар ҷашнгоҳ ҳамчунин гулхани рамзӣ афрӯхта шуда, барои шодию фараҳи иштирокдорон гурӯҳи ҳунармандони шаҳр намоиши театриро пешниҳоди ҳозирин гардониданд. Зимни он саҳнаҳои ҷолибу диданӣ аз рӯзгори ниёгон бо мақсади таҷлили ҷашни нуру гармӣ манзур гардиданд, ки далели воқеии иди қадимӣ ва таърихӣ будани Сада барои тоҷикон мебошад.
Намоиши таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, навъҳои тухмии зироат, техникаҳои соҳавӣ ва маҳсули меҳнати дастии донишҷӯён аз ҷониби ҷамоатҳои деҳот, кумитаи маҳаллаҳо, коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ, литсейи касбии техникӣ ва ташкили бозиҳои варзишии миллӣ аз ҷониби варзишгарони шаҳр шукӯҳи ҷашнро афзунтар гардонид.
Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода гуфт, ки иштироки васеи сокинон дар ҷашни Сада гувоҳи арҷгузории мардум ба ин иди бостонӣ мебошад. Ин ид дар аҳди қадим, махсусан замони Сомониён бо шукӯҳу шаҳомати хос истиқбол гирифта мешуд ва имрӯз дар даврони соҳибистиқлолӣ рукну оинҳои он аз нав эҳё гардидаву халқи тоҷик онро бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил менамоянд.
Мавсуф ҳамзамон баргузории чунин ҷашнҳои оммавии бошукӯҳро, ки тайи солҳои охир ба ҳукми анъана даромадааст, нишонаи иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҷонибдории сокинон аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуд.
Зикр карда шуд, ки Сада яке аз ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт ва оғози тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур то ба имрӯз расидааст.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳои хеш иброз доштанд, «мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст».
«Мояи ифтихори ҳар яки мост, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст. Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки Сада миёни ҷашнҳои мардуми мо мақому манзалати хосса дорад, зеро он ифодагари омодагӣ ба гардиши табиат мебошад»,-гуфт раиси шаҳр.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд






