Дар Кӯлоб доир ба тавзеҳи Паёми Пешвои миллат мулоқот доир гардид
КӮЛОБ, 31.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда ба истифода дода шуд. Ин нукта зимни мулоқоти намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии шаҳри Кӯлоб ва кормандони соҳаи маориф вобаста ба тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар муассисаи таҳсилоти умумии №37-и шаҳри Кӯлоб доир шуд, иброз гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Дар вохӯрӣ омӯзгорон ва падару модарон иштирок намуда, бори дигар аз моҳияти Паёми навбатӣ баҳраманд шуданд. Директори муассиса Маърифат Қурбонова афзуд, ки бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаи мазкур соли 2016 ба таври замонавӣ барои 624 хонанда сохта шуда, дар он шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Дар муассиса 630 хонанда ба илм фаро гирифта шуда, 46 нафар омӯзгор ба хонандагон дарс меомӯзанд. Натиҷаи заҳмати омӯзгорон буд, ки соли 2021 4 нафар хонанда аз фанҳои биологияю география ва соли 2022 аз фанҳои ҳуқуқ ва биология дар озмунҳои фаннӣ ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд ва кӯшиш доранд ба даври вилоятӣ роҳхат гиранд.
Ҳоло шароити муассиса хуб ба роҳ монда шуда, хонандагон бо мизу курсӣ ва компютер таъмин мебошанд. Маъмурияти муассиса баҳри баланд бардоштани сифату таълиму тарбия кӯшиш ба харҷ дода, нақша дорад дар соли 2022 низ хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар озмуну олимпиадаҳо фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷои ифтихорӣ гарданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






