Дар Кӯлоб оид ба пешгирии бемории COVID-19 аксия гузаронида шуд

Январь 24, 2022 11:40

ДУШАНБЕ, 24.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 22 январ бо ташаббуси  гурӯҳҳои ихтиёриён ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва дигар бахшҳои марбутаи соҳаи тандурустии шаҳри Кӯлоб аксия баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр.

Дар ҳоле ки аксарияти мамлакатҳои оламро хуруҷи тамғаи нави «омикрон»-и каронавирус фаро гирифтааст, дар Тоҷикистон чораҳои пешгирӣ аз ин беморӣ тақвият бахшида мешаванд.

Ба ин хотир рӯзҳои охир дар шаҳри Кӯлоб чорабиниҳои гуногуни фаҳмондадиҳӣ,  аз қабили тақсими ниқобҳои яккарата ва варақаҳои таблиғотӣ гузаронида мешаванд.

Ташаббускорон дар кӯчаву хиёбонҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, назди  бозору марказҳои савдо оид ба ин беморӣ суҳбат ороста, ба сокинон варақаҳои таблиғӣ ва ниқобҳои якмасрафа тақсим намуданд.

Бино ба иттилои масъулони соҳаи тандурустӣ, гарчанде ки то имрӯз дар ҳудуди шаҳру ноҳияи Кӯлоб ягон ҳолати гирифторӣ ба тамғаи нави «омикрон» ба қайд гирифта нашудааст, аммо чораҳои пешгирӣ аз ин беморӣ муҳиму ҳатмӣ арзёбӣ мегарданд. Бинобар ин, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва кормандони соҳаи тиб ба хотири пешгирӣ аз ин беморӣ аксияҳои ваксинагузаронӣ ва дигар чорабиниҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ идома дода, баҳри таъмини солимии шаҳрвандон ва пешгирӣ аз пайдоиши ҳар гуна бемориҳои сироятӣ саъю талош менамоянд.

АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Январь 24, 2022 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ: сироятёбӣ аз COVID-19 дар ҷаҳон 4 фоиз афзоиш ёфт
Чин санҷишҳои COVID-19-ро пеш аз ворид шудан ба давлат бекор менамояд
Дар Испания беш аз 120 ҳолати сирояти шакли нави коронавирус ошкор гардид
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ: ҳолатҳои нави сирояти COVID — 19 дар ҷаҳон дар як моҳи охир 80% афзоиш ёфтааст
Дар Ҳиндустон штамми нави коронавирус ошкор гардид
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз 7% афзудани бемории COVID-19 дар ҷаҳон дар 28 рӯз хабар дод
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бораи коҳиш ёфтани ҳолатҳои фавт бар асари COVID-19 дар саросари ҷаҳон хабар дод
Хоби солим сеяки хатари аломати баъдиковидиро коҳиш медиҳад
СУТ тамоми ҷаҳонро даъват намуд, ки ба пандемияи марговар, ки аз COVID-19 ҳам даҳшатноктар аст, омода шаванд
COVID-19. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз анҷом ёфтани пандемияи коронавирус хабар дод
Роҳбари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ изҳори боварӣ намуд, ки пандемияи COVID-19 соли 2023 ниҳоят ба анҷом мерасад
Ба Тоҷикистон соли 2022 зиёда аз 10 миллион воя ваксина ворид карда шуд