Дар Маҷлиси намояндагон созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан байни Тоҷикистон ва Туркманистон баррасӣ гардид

Январь 24, 2022 11:10

ДУШАНБЕ, 24.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ “Ховар” зикр кард,  тасдиқ гардидани созишномаи мазкур ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии байналмилалии ҳамлу нақл, содирот, воридот ва транзити бор бо нақлиёти роҳи оҳан миёни Тоҷикистон ва Туркманистон, таҳкими ҳамкории дуҷониба, зиёд гардидани гардиши молу маҳсулот миёни ҳарду кишвар, бо истифода аз роҳҳои оҳани транзитӣ ва бандари обии Туркманбошии Туркманистон тавассути Баҳри Каспий баромадан ба роҳҳои оҳани дигар кишварҳои Аврупо, инчунин барои ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакатамон –раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ мусоидат менамояд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуданд.

Созишномаи мазкур ба муқаррароти моддаи 57-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 11 ва 12 –и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон”,  дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ мебошад.

АКС аз бойгонии АМИТ “Ховар”

Январь 24, 2022 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд