Дар ноҳияҳои Сангвору Лахш ва шаҳри Турсунзода ҷашни Садаро таҷлил намуданд

Январь 25, 2022 10:35

ЛАХШ, 25.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода  ва ноҳияҳои Сангвору Лахш иди Сада бо риояи суннатҳои аҷдодӣ ва шукӯҳу шаҳомати  хосса  таҷлил гардид. Фаъолону кишоварзон ва дигар сокинон дар макони баргузории ин чорабиниҳо гулхан афрӯхта, дар атрофи он бо хурсандӣ давр зада, омодагии худро ба давраи муҳайё сохтани шароит барои кишту кори баҳорӣ иброз доштанд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Дар маросими таҷлили ин ҷашни таърихӣ намоишгоҳҳои идонаи иборат аз маҳсулоти кишоварзӣ, ниҳол, гулу буттаҳо, тухмии зироати кишоварзӣ, олоти меҳнати марди деҳқон, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ ташкил шуданд, ки аз меҳнати содиқонаву софдилонаи кишоварзони шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Лахшу Сангвор  дарак медиҳанд.

Масъулини  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода гуфтанд, ки ҷашни Сада аз ҷовидонии хуршеди оламтоб башорат дода, ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳору Наврӯз, инчунин омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад.

Хушбахтона, соли 2021 кишоварзони шаҳри Турсунзода ба андозаи беш аз як миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли гузашта беш аз 200 миллион  сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра зиёда аз 29 ҳазор тонна маҳсулот, аз ҷумла 24 ҳазор тонна ангур ба мамлакатҳои дуру наздик содирот гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 ҳазор тонна зиёд аст.

Раиси ноҳияи Сангвор Маҳмадшоҳ Давлатзода  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  изҳор дошт, ки «Мояи шодмонист, ки кишоварзони ноҳия имсол низ ҷашни расмии Садаро бо дастовардҳои ҷолиби меҳнатӣ пешвоз мегиранд. Кишоварзӣ дар ноҳияи Сангвор соҳаи асосӣ ва афзалиятнок ба ҳисоб рафта, зиёда аз 70 фоизи аҳолии қобили меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият мекунанд. Хушбахтона, маҷмӯи маҳсулоти кишоварзии ноҳия соли 2021 ба 218,8 миллион сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2020 12 миллиону 900 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад».

АКСҲО: мақомоти  иҷроияи шаҳру ноҳияҳои Лахш, Турсунзодаю Сангвор

Январь 25, 2022 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд