Дар роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон сатҳи баланди тармафароӣ боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 04.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки дар қитъаҳои роҳи Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Рашт, Душанбе – Сангвор, Душанбе – Лахш, Кӯлоб — Дарвоз, Ванҷ — Хоруғ, Хоруғ — Ишкошим, Хоруғ — Мурғоб бар асари бориши зиёд хатари тармафароӣ боқӣ мондааст.
Тавре сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, 3 январ дар километрҳои 61, 62, 63, 65, 66, 69 ва 70-уми шоҳроҳи Душанбе-Варзоб, ки аз ҳудуди Майхӯра, Ҳушёрӣ ва Уштури ноҳияи Варзоб мегузаранд, фаромадани тарма ба қайд гирифта шуд.
Ҳамчунин дар километрҳои 6, 7, 8-уми шаҳраки Ниводак ва километри 15-и шаҳраки Гоҷаки Ҷамоати деҳоти Ғарибшоҳ Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон ва километри 498-уми шаҳраки Санободи Ҷамоати деҳоти М.Абдулвосиеви ноҳияи Рӯшони вилояти ВМКБ 4 январ фаромадани тарма ба қайд гирифта шуд. Бар асари фаромадани тарма шоҳроҳи Хоруғ-Ишкошим муваққатан баста шудааст.
Дар айни замон корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома дошта, роҳҳои Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Хоруғ муваққатан баста шудаанд.
Барои тоза кардани роҳҳо бо техникаи махсуси Вазорати нақлиёт, Хадамоти роҳи IRS ва наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ки шабонарӯзӣ навбатдорӣ доранд, корҳои рафъи офати табиӣ идома доранд.
Рӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ки ба шакли такмилёфтаи хизматӣ гузаронида шудаанд, дар якҷоягӣ бо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти роҳи IRS ронандагон ва мусофирони 26 мошинро, ки дар шоҳроҳи Душанбе-Варзоб аз ҳаракат бозмондаанд, берун оварданд.
Дар натиҷаи фаромадани тарма талафот ва харобиҳо ба қайд гирифта нашудаанд.
Бо мақсади таъмини бехатарии ронандагон дар роҳи зимистона ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулода қитъаҳои гуногуни роҳҳо аз ҷониби наҷотдиҳандагони воҳидҳои зудамали Кумита мунтазам посбонӣ карда мешаванд. Ин тадбирҳо дар давраи хавфи рӯй додани фалокат дар роҳҳо, ки аз хунукӣ ва боридани барф ба амал омадаанд, заруранд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва махсусан ҳалокати одамон аз аҳолӣ ва меҳмонони кишвар даъват менамояд, ки аз ҳаракат дар канори ағбаҳои кӯҳӣ ва роҳҳое, ки минтақаҳои зери тармафароӣ доранд, худдорӣ намоянд.
Ҳамчунин дар чунин рӯзҳо аз ҷамъоварии ҳезум, чаронидани чорво, шикор ва моҳидорӣ даст кашанд.
Ба иттилои Кумитаи мазкур, шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияи Ишкошими ВМКБ лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он муваққатан дар километрҳои 51-53 роҳи мошингарди Хоруғ – Ишкошим ҳаракати нақлиёт боздошта шуд. Ин тарма дар қаламрави деҳаи Дижори Ҷамоати деҳоти Қозидии ноҳияи Ишкошим сарозер шуд.
Барои бартараф намудани пайомадҳои он аз ҷониби Вазорати нақлиёти кишвар техникаи махсус ҷудо шуд ва роҳ аз барфтӯда тоза ва ҳаракати нақлиёт дубора аз сар гирифта шуд.
Дар натиҷаи бориши зиёд ва баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ҳудуди ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, нишебиҳои ҷанубии силсилакӯҳҳои Ҳисор ва қисмати ғарбии ВМКБ хатари лағзиши тарма, резиши санг ва омадани сел, ҳамчунин дар роҳҳои ағба яхбандӣ ва дар водиҳо ва ноҳияҳои наздикӯҳӣ туман вуҷуд дорад.
Дар иртибот ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинони кишвар хоҳиш мекунад, ки эҳтиёт кунанд, ҳушёр бошанд ва дар ҳоли пеш омадани ҳолатҳои фавқулода ба ин рақамҳо занг зананд: 112, 93 880 28 19.








Оид ба механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамоиш доир гардид
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад






