Дар роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон сатҳи баланди тармафароӣ боқӣ мемонад

Январь 4, 2022 12:42

ДУШАНБЕ, 04.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки дар қитъаҳои роҳи Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Рашт, Душанбе – Сангвор, Душанбе – Лахш, Кӯлоб — Дарвоз, Ванҷ — Хоруғ, Хоруғ — Ишкошим, Хоруғ — Мурғоб бар асари бориши зиёд хатари тармафароӣ боқӣ мондааст.

Тавре сардори маркази матбуоти  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, 3 январ дар километрҳои 61, 62, 63, 65, 66, 69 ва 70-уми шоҳроҳи Душанбе-Варзоб, ки аз ҳудуди Майхӯра, Ҳушёрӣ ва Уштури ноҳияи Варзоб мегузаранд, фаромадани тарма ба қайд гирифта шуд.

Ҳамчунин дар километрҳои 6, 7, 8-уми шаҳраки Ниводак ва километри 15-и шаҳраки Гоҷаки Ҷамоати деҳоти Ғарибшоҳ Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон ва километри 498-уми шаҳраки Санободи Ҷамоати деҳоти М.Абдулвосиеви ноҳияи Рӯшони вилояти ВМКБ  4 январ фаромадани тарма ба қайд гирифта шуд. Бар асари фаромадани тарма шоҳроҳи Хоруғ-Ишкошим муваққатан баста шудааст.

Дар айни замон корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома дошта, роҳҳои Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Хоруғ муваққатан баста шудаанд.

Барои тоза кардани роҳҳо бо техникаи махсуси Вазорати нақлиёт, Хадамоти роҳи IRS ва наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ки шабонарӯзӣ навбатдорӣ доранд, корҳои рафъи офати табиӣ идома доранд.

Рӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ки ба шакли такмилёфтаи хизматӣ гузаронида шудаанд, дар якҷоягӣ бо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти роҳи IRS ронандагон ва мусофирони 26 мошинро, ки  дар шоҳроҳи Душанбе-Варзоб аз ҳаракат бозмондаанд, берун оварданд.

Дар натиҷаи фаромадани тарма талафот ва харобиҳо ба қайд гирифта нашудаанд.

Бо мақсади таъмини бехатарии ронандагон дар роҳи зимистона ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулода қитъаҳои гуногуни роҳҳо аз ҷониби наҷотдиҳандагони воҳидҳои зудамали Кумита мунтазам посбонӣ карда мешаванд. Ин тадбирҳо дар давраи хавфи рӯй додани фалокат дар роҳҳо, ки аз хунукӣ ва боридани барф ба амал омадаанд, заруранд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва махсусан ҳалокати одамон аз аҳолӣ ва меҳмонони кишвар даъват менамояд, ки аз ҳаракат дар канори ағбаҳои кӯҳӣ ва роҳҳое, ки минтақаҳои зери тармафароӣ доранд, худдорӣ намоянд.

Ҳамчунин дар чунин рӯзҳо аз ҷамъоварии ҳезум, чаронидани чорво,  шикор ва моҳидорӣ даст кашанд.

Ба иттилои Кумитаи мазкур, шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияи Ишкошими ВМКБ лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он муваққатан дар километрҳои 51-53 роҳи мошингарди Хоруғ – Ишкошим ҳаракати нақлиёт боздошта шуд. Ин тарма дар қаламрави деҳаи Дижори Ҷамоати деҳоти Қозидии ноҳияи Ишкошим сарозер шуд.

Барои бартараф намудани пайомадҳои он аз ҷониби Вазорати нақлиёти кишвар техникаи махсус ҷудо шуд ва роҳ аз барфтӯда тоза ва ҳаракати нақлиёт дубора аз сар гирифта шуд.

Дар натиҷаи бориши зиёд ва баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ҳудуди ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, нишебиҳои ҷанубии силсилакӯҳҳои Ҳисор ва қисмати ғарбии ВМКБ хатари лағзиши тарма, резиши санг ва омадани сел, ҳамчунин дар роҳҳои ағба яхбандӣ ва дар водиҳо ва ноҳияҳои наздикӯҳӣ туман вуҷуд дорад.

Дар иртибот ба ин  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинони кишвар хоҳиш мекунад, ки  эҳтиёт кунанд, ҳушёр бошанд ва дар ҳоли пеш омадани ҳолатҳои фавқулода ба ин рақамҳо занг зананд: 112,  93 880 28 19.

Январь 4, 2022 12:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид
ДАРАИ ҚАРАТОҒ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ин минтақаи зебои сайёҳии Тоҷикистон манзур мегардад
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Чикагои Амрико як нафар ҳалок ва 10 нафар захмӣ шуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
ФУТБОЛ. Ғолибони бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон 2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян гардиданд