Дар Суғд бахшида ба Рӯзи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 10.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ки ҳамасола 10 январ таҷлил мегардад, ҷамъомади тантанавӣ доир шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Зимни оғози ҳамоиш Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд».
Дар ҷамъомад иброз гардид, ки таъсиси ниҳоди махсусгардонидашуда — Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия яке аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия мебошад, ки вазифаи он аз назорати истифодаи дуруст ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, амволи давлатӣ, таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин манфиатҳои давлат ва ҷомеа иборат мебошад. Вазифаҳои мақомоти мубориза бар зидди коррупсия муҳиму мураккаб буда, онҳо ба ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлату ҷамъият, ташкилоту идораҳо, таъмини қонуният, ошкор ва пешгирӣ намудани кирдорҳои коррупсионӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳгор равона гардидаанд ва аз кормандон донишу малакаи пухтаи касбӣ ва масъулияти баланд тақозо мекунанд.
Таҳлили кори Раёсати Агентӣ дар вилоят нишон медиҳад, ки кормандони он вазифаҳои худро иҷро менамоянд, дар фаъолияти худ қонуниятро риоя карда, барои пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо дар ин самт тамоми тадбирҳоро меандешанд.
«Боварии комил дорам, ки кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар оянда низ ҷиҳати татбиқи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои неку созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қувва, маҳорат ва малакаи касбии худро ҳаматарафа баҳри бунёди давлати демократӣ, ҳукуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ ба кор мебаранд»,-иброз дошт роҳбари вилоят.
Ҳамзамон ба як гурӯҳ фаъолони раёсат Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд








Агентии хизмати давлатӣ талаботи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ»-ро мавриди санҷиш қарор дод
Дар Тоҷикистон сомонаи сифати ҳаво фаъол гардид
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво то 20 июл боқӣ мемонад
Ба 200 нафар занон — ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ дар соли 2026 Диплом супорида шуд
Дар ноҳияи Айнӣ корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел ва барқарорсозии инфрасохтори зарардида идома доранд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 106 миллион сомонӣ ба манфиати модару кӯдак рӯёнида шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегӣ бо 47 муассисаи илмӣ-таҳқиқотии хориҷӣ ҳамкорӣ дорад
ТАШАББУСИ НАВИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ ЭЪМОРИ СУЛҲИ ПОЙДОР. Андешаҳо дар ин маврид
Дар канори роҳи Душанбе–Чанок корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд
Оид ба нақши занон дар низоми адолати судӣ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон лоиҳаи 37 санади меъёрии ҳуқуқиро мавриди омӯзиш қарор додааст
Бунафша Файзиддинзода: «Бо вуҷуди коҳиши бекоршавии ақди никоҳ ҳалли ин масъала таваҷҷуҳи доимиро тақозо мекунад»






