ДАРАХТ БИНШОН! Дар Бӯстон беш аз ду ҳазор бех ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкан шинонида мешаванд
ДУШАНБЕ, 11.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободониву сабзазоркунӣ имсол дар шаҳри Бӯстон беш аз ду ҳазор бех ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкан шинонида мешаванд. Дар ин бора зимни оғози маъракаи ниҳолшинонӣ, ки бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода доир гардид, иттилоъ дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар доданд, раиси вилоят дар ҳашари ниҳолшинонӣ иштирок намуда, роҳбарияти шаҳр ва масъулини идораҳои марбутаро вазифадор намуд, ки корҳои ободониву сабзазоркуниро тақвият бахшанд. Масъулинро зарур аст, ки маъракаи ниҳолшинониро вусъат бахшида, барои хуррамгардонии муҳити зист аз тамоми имконият истифода баранд.
Барои сарсабзу хуррам ва ободу зебо нигоҳ доштани муҳити зист ҳар нафар масъул буда, сокинони шаҳр тасмим гирифтаанд, ки чун ҳарвақта дар мавсими ниҳолшинонӣ фаъолона иштирок намуда, дар ободониву хуррамгардонии шаҳр саҳми арзанда гузоранд.
Соли гузашта низ дар шаҳри Бӯстон ҳашарҳои дастҷамъона ташкил карда шуда, дар мавзеъҳои гуногуни шаҳр 1800 бех ниҳолҳои ороишиву сояафкан шинонида шуданд.
АКС аз хадамоти матбуоти вилояти Суғд








«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд






