ДАРАХТ БИНШОН! Дар Боғи миллии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и Фархор ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
ДУШАНБЕ, 31.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ва бо назардошти тавсияҳои олимону коршиносони соҳаи кишоварзӣ, баҳри навсозии Боғи миллии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дар мавзеи Ӯртабузи ноҳия маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз ёфт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси ноҳияи Фархор.
Майдони умумии боғ 10 гектарро ташкил медиҳад, ки имсол бояд дар он 2300 бех ниҳолҳои мевадиҳанда, аз қабили зардолу, бодом ва шафтолу шинонида шаванд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фархор Зариф Назирӣ дар ҳашари ниҳолшинонӣ ширкат карда, аввалин ниҳолро шинонид ва ба мутахассисон баҳри нигоҳубини саривақтию хушк нагардидани ниҳолон маслиҳатҳои муфид дод.
Мавриди зикр аст, ки бунёди боғистону гулистонҳо дар баробари ривоҷи дигар соҳаҳои кишоварзӣ аз рукнҳои таркибии фарҳанг ва зиндагии мардуми куҳанбунёди тоҷик буда, мардум имрӯзҳо ба ин суннати қадимии ниёгон идомаи нек мебахшанд.
АКС: маркази матбуоти н. Фархор








БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд






