ДАРАХТ БИНШОН! Дар корхонаи «Тоҷикниҳолпарвар» беш аз 811 ҳазор бех ниҳолҳо барои фурӯш омода карда шудаанд

Январь 2, 2022 09:17

ДУШАНБЕ, 02.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикниҳолпарвар»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бақияи ниҳолҳои аз  соли 2021 боқимонда барои фурӯш 811 ҳазору 804 бехро ташкил медиҳад, ки аз ин 593 ҳазору 237 бех ниҳолҳои мевадиҳанда ва 94 ҳазору 490 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва ороишӣ мебошанд. Дар  ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикниҳолпарвар»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонхон Зуҳуров иттилоъ дод.

Мавсуф зикр намуд, ки Хоҷагии  ниҳолпарварии ба номи Мирзо Турсунзода дар ноҳияи Шаҳринав, Хоҷагии ниҳолпарварии «Искич»-и шаҳри Ҳисор,  Хоҷагии ниҳолпарварии шаҳри Панҷакент, Хоҷагии ниҳолпарварии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ,  Хоҷагии ниҳолпарварии  ба номи Ғайбулло  Масаидови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Хоҷагии ниҳолпарварии «Бӯстонқалъа»-и ноҳияи Кӯшониён аз хоҷагиҳои  давлатии  ниҳолпарварии фаъол ва муваффақ дар масъалаи парвариш ва ба фурӯш баровардани ниҳолҳои мевадиҳанда, ороишӣ ва  ҳамешасабз  дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешаванд. Ин хоҷагиҳо то имрӯз барои ба фурӯш баровардани ниҳолҳо корҳои назаррасро амалӣ намудаанд.

Ба иттилои шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, имрӯзҳо мутахассисони соҳа барои дар сатҳи баланд баргузор намудани маъракаи ниҳолшинонӣ ва дар оянда боз ҳам бештар намудани майдони боғҳо, нигоҳубини дарахтон, инчунин башаклдарории дарахтон дар хоҷагиҳои деҳқонии мамлакат машваратҳои назариявию амалӣ баргузор намуда истодаанд.

Ба тавсияи олимони кишоварзӣ, башаклдарории шохсори дарахтон яке аз тадбирҳои муҳими боғдорист. Шохсори дарахтон ба тарзҳои гуногун ба шакл дароварда мешаванд. Буридани шоху навдаҳо ҳосилнокиро зиёд, устувории шоху навда ва пойдории дарахтро мустаҳкам, таркиби кимиёвии меваро хуштаъм, ҳаҷми меваро калон, сифатнокиашро баланд, инчунин байни қаторҳо гаштани тракторҳоро ҳангоми коркарди замин ва пошидани моддаҳои заҳркимиёвӣ бар зидди касалию ҳашароти зараррасон осон мегардонад.

Ба гуфти олимон, вобаста ба шароити маҳал, намуд, навъ ва синну сол дарахтонро охири тирамоҳ, зимистон, баҳор ва тобистон мебуранд. Дар шароити ҷумҳурии мо пас аз хазонрез буриданро сар кардан мумкин аст. Хуб мешавад, ки дар навбати аввал охири тирамоҳу зимистон дарахтони себ, баъдтар ноку олу бурида шаванд. Охирҳои зимистон ва аввали баҳор, ба истиснои рӯзҳои хунук бо навбат биҳӣ, олуболу, гелос, зардолу, бодом ва шафтолуро буридан беҳтар аст.

Шафтолуро дар давраи гулкунӣ бо назардошти аз хунукӣ осеб дидани муғчаҳои гулӣ ва муътадил гузоштани сарборӣ мебуранд. Буридани дарахтон дар рӯзҳои хунуки зимистон агар ҳарорат аз -50С паст бошад, инчунин донакдоронро ҳангоми ҳавои хунук, намнок ва тира, ки сабаби шилмбарории онҳо мегардад, тавсия дода намешавад. Баъди саршавии сабзиш буридан рушди дарахтонро ниҳоят суст мегардонад. Ҳатто дар боғҳои навбунёд сабаби хушкшавии ниҳолҳо мегардад.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Январь 2, 2022 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Мастчоҳ беш аз 4000 бех ниҳоли ороишиву ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Лахш 1200 бех ниҳоли мевадиҳанда ва ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати шоҳроҳи Ваҳдат-Норак беш аз 1500 бех ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Хуросон тадбирҳои ниҳолшинонӣ анҷом дода шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Имсол дар ноҳияи Шуғнон 3 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадор мешинонанд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд 150 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 150 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида мешаванд
ТАТБИҚИ БАРНОМАИ «МАМЛАКАТИ САБЗ». Дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат 1500 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ дар канори шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат дарахтони ҳамешасабз шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ беш аз 2000 бех дарахти сӯзанбарги ороишӣ шинонида шуд
«ШАҲРИ МАН – ХОНАИ МАН». Дар Душанбе беш аз 200 арчаи ҳамешасабз шинонида шуд