ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳри Левакант 5 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуданд
ДУШАНБЕ, 16.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон шинонидани 9 ҳазор бех ниҳоли сояафкану ҳамешасабз ва даҳҳо ҳазор гулҳои гуногун, аз ҷумла садбарг ва лола ба нақша гирифта шудааст.
Тавре Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, мавсими сабзазоркунӣ дар шаҳри Левакант бомаром идома дошта, ин навбат ҳашари оммавии ниҳолшинонӣ ташкил карда шуд, ки дар он кормандони тамоми ташкилоту идораҳои шаҳр фаъолона ширкат намуданд.
Дар ҳудуди шаҳри Левакант хоҷагиҳои махсуси ниҳолпарварӣ фаъолият мекунанд, ки баробари таъмини талаботи шаҳр ҳамзамон барои ба дигар шаҳру ноҳияҳои атроф дастрас гардидани ниҳолҳои гуногун дар мавсими сабзазоркунӣ мусоидат менамоянд.
Дар иқдоми навбатии экологӣ 5 ҳазор бех ниҳоли дарахтони хушсифати ҳамешасабзу ороишӣ бо риояи талаботу қоидаҳои агротехникӣ шинонида шуданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зист








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд






