ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳри Левакант 5 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуданд

Январь 16, 2022 08:51

ДУШАНБЕ, 16.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон шинонидани 9 ҳазор бех ниҳоли сояафкану ҳамешасабз ва даҳҳо ҳазор гулҳои гуногун, аз ҷумла садбарг ва лола ба нақша гирифта шудааст.

Тавре Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, мавсими сабзазоркунӣ  дар шаҳри Левакант бомаром идома дошта, ин навбат ҳашари оммавии ниҳолшинонӣ ташкил карда шуд, ки дар он кормандони тамоми ташкилоту идораҳои шаҳр фаъолона ширкат намуданд.

Дар ҳудуди шаҳри Левакант хоҷагиҳои махсуси ниҳолпарварӣ фаъолият мекунанд, ки баробари таъмини талаботи шаҳр ҳамзамон барои ба дигар шаҳру ноҳияҳои атроф дастрас гардидани ниҳолҳои гуногун дар мавсими сабзазоркунӣ мусоидат менамоянд.

Дар иқдоми навбатии экологӣ 5 ҳазор бех ниҳоли дарахтони хушсифати ҳамешасабзу ороишӣ бо риояи талаботу қоидаҳои агротехникӣ шинонида шуданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зист

Январь 16, 2022 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд