ДЗЮДО. Комроншоҳ Устопириён дар «Grand Prix Portugal 2022» медали биринҷӣ гирифт
ДУШАНБЕ, 31.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони шинохтаи тоҷик Комроншоҳ Устопириён дар аввалин мусобиқаи дзюдои соли 2022 – «Grand Prix Portugal 2022» сазовори медали биринҷӣ шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ин мусобиқаи байналмилалӣ 28-30 январ дар шаҳри Алмадаи Португалия доир гашт.
Комроншоҳ (-90кг) дар даври аввал озод буд. Ӯ сипас бар намояндаи Узбекистон Достон Мейлиев ва дар чорякфинал бар варзишгари Украина Артем Бубир пирӯз шуд, вале дар нимфинал аз варзишгари Италия Кристиан Парлатӣ мағлуб гашт. Комроншоҳ сипас дар муҳориба барои ҷои сеюм намояндаи Гурҷистон Имеда Гоголадзеро шикаст дод.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF), дар аввалин мусобиқаи сол 301 варзишгар (179 мард, 122 зан) аз 41 давлат ширкат карданд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал бо ҷоизапулӣ– ҷои аввал – 3000 евро, ҷои дуюм – 2000 евро, ду ҷои сеюм – 1000-евроӣ қадрдонӣ шуданд.
АКС: КМО Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






