ФАЛАК ҶАҲОНӢ ШУД. НАВБАТ БА ҲУНАРҲОЕ, ЧУН ЧИТГАРӢ, ТОҚИДӮЗӢ, ЗАРГАРӢ, ЗАРДӮЗӢ, ҶӮРОББОФӢ РАСИД. Андешаҳои фолклоршиноси тоҷик Дилшод Раҳимӣ

Январь 2, 2022 09:39

ДУШАНБЕ, 02.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сабт шудани мусиқии суннатии Фалак ба рӯйхати байналмиллалии ЮНЕСКО дар баробари дигар намунаҳои миллати тоҷик, пеш аз ҳама, барои баланд бардоштани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад, иброз дошт, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, фолклоршинос ва мардумшиноси тоҷик Дилшод РАҲИМӢ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Моҳинави НАВРӮЗ.

Ба андешаи Дилшод Раҳимӣ, акнун аз ин пас мусиқии суннатии фалак барои фарҳанги ҷаҳонӣ хидмат мекунад ва дар маҷмӯъ, обрӯи ҷумҳурии моро ҳамчун давлати фарҳангпарвару тамаддунофар дар миқёси ҷаҳонӣ муаррифӣ хоҳад кард.

«Дар ҳамин солҳои наздик бояд аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе касбу ҳунарҳое, ки дар ҳоли азбайнравӣ қарор доранд, ба рӯйхати ЮНЕСКО пешниҳод карда шаванд. Масалан, анъанаи читгарӣ, тоқидӯзӣ, заргарӣ, зардӯзӣ, ҷӯроббофӣ ва дигар ҳунарҳои дастие, ки имрӯз занону бонувони тоҷик бо заҳматҳои зиёд онҳоро таҳия мекунанд. Пешниҳоди ин ҳунарҳои мардумӣ ба рӯйхати ЮНЕСКО тақозои замон аст», — иброз дошт Дилшод Раҳимӣ.

Ба феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ намуна дохил гардидаанд, ки инҳо мусиқии суннатии «Шашмақом» муштарак бо Ҷумҳурии Узбекистон, ҷашни миллии «Наврӯз» муштарак бо 11 кишвари ҷаҳон, «Оши палав», санъати гулдӯзии  «Чакан»   ва мусиқии суннатии «Фалак» мебошанд.

Мавсуф зикр дошт, ки конвенсияи ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ барои номинаҳо панҷ  шарт муайян кардааст, ки мутобиқи ин шартҳо ҳар  номина дар он дохил мегардад;

Дар шарти аввал дар бораи худи анъанаи пешниҳодшаванда маълумоти умумӣ дода мешавад, яъне ин чӣ гуна касбу ҳунар аст, дар куҷо густариш ёфтааст, дар кадом минтақаҳост, онро кӣ иҷро мекунад ва  ҳамин анъана аз насл ба насл чӣ гуна мегузарад.

Дар шарти дуюм саволе вобаста ба номинаи мазкур аст, ки ҳамин анъана агар сабт шавад, барои ҷомеа чӣ аҳамият дорад?

Шарти сеюм дар бораи ҳифзи он  аст, ки аз ҷониби Ҳукумати ҳамон мамлакат, ҳунармандону ташкилоти ғайридавлатӣ чӣ тадбирҳо дида шудаанд?

Шарти чорум- ин иштироки худи мардум дар таҳияи ҳуҷҷатҳои анъанаи пешниҳодшуда аст.

Шарти панҷум ворид кардани ҳамин анъана ба феҳристи миллии худи ҳамон давлат мебошад.

«Ҳар кишвар феҳристи миллии дохилӣ дорад. Масалан, Ҷумҳурии Тоҷикистон феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дорад, ки ин аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот дар ду сол як маротиба такмил ва чоп мешавад. Дар айни замон феҳристи миллии мо 538 намунаи фарҳанги миллиро дар бар гирифтааст. Мусиқии миллии фалак ҳам, пеш аз ҳама, ба ин рӯйхат дохил шудааст», — иттилоъ дод мавсуф.

Дар тамоми ҷаҳон таваҷҷуҳ ба фарҳангҳои суннатӣ мавҷуд аст, зеро агар мо фарҳанги суннатиро тақвият надиҳему ҳифз накунем, ҷомеаи ҷаҳон  бо техникаву технологияи нав ворид шуда, фарҳангҳо аз байн мераванд, яъне ҷомеаҳои сунъиву сохта ба вуҷуд меоянд. Фарҳанг барои рангорангии зиндагӣ зарур аст. Созмонҳои байналмилалӣ ҳаминро ба инобат гирифта, ба фарҳанг таваҷҷуҳи зиёд доранд, зеро  дар тамоми нуқтаю канори ҷаҳон дар байни аҳли башар бояд фарҳангҳо ҳифз шаванд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 2, 2022 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст
Барномаи консертии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» доир мегардад
«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд