Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи вазири кишоварзии
Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Зиёзода С.Р.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Зиёзода Сулаймон Ризоӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№316
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Гулистони
вилояти Суғд озод намудани Маҷидӣ Б.С.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№317
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Бӯстони
вилояти Суғд озод намудани Ҳошимзода Р.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ҳошимзода Раъно бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№318
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Истиқлоли
вилояти Суғд озод намудани Зоҳидзода Д.А.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Зоҳидзода Даврони Абдуқодир бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№319
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Ашти
вилояти Суғд озод намудани Мирдадо З.М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№320
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи муовини
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Зиёзода С.Р.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Зиёзода Сулаймон Ризоӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№321
МАЪЛУМОТНОМА
ЗИЁЗОДА Сулаймон Ризоӣ
аз 26 январи соли 2022 дар вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад
Соли таваллуд 1 январи соли 1962 Ҷои таваллуд ноҳияи Ғончӣ (ҳозира Деваштич)
Миллат тоҷик Таҳсилот олӣ
соли 1983 Донишкадаи аграрии Тоҷикистонро хатм намудааст
Ихтисос агроном-олим
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, ӯзбекӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аст ё не вакили Маҷлиси Ҷамоат
Ба мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не — соли 1999 «Ифтихорнома»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1983-1986 |
Агрономи калони хоҷагии давлатии «Ленинобод»-и ноҳияи Зафаробод |
03-11 соли 1986 |
Сардори шӯъбаи дуюми хоҷагии давлатии «Ленинобод»-и ноҳияи Зафаробод |
Солҳои 1986-1989 |
Котиби дуюми Кумитаи комсомолии ноҳияи Зафаробод |
Солҳои 1989-1992 |
Котиби якуми Кумитаи комсомолии ноҳияи Зафаробод |
Солҳои 1992-1995 |
Муовини директори хоҷагии давлатии «Ширин»-и ноҳияи Зафаробод |
Солҳои 1995-1996 |
Директори хоҷагии давлатии «Ширин»-и ноҳияи Зафаробод |
Солҳои 1996-2002 |
Раиси кооперативи истеҳсолии «Ширин»-и ноҳияиЗафаробод |
Солҳои 2002-2006 |
Раиси ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Шӯҳрат»-и ноҳияи Зафаробод |
Солҳои 2006-2008 |
Раиси ассотсиатсияи истифодабарандагони оби ба номи М.Абдуллоев, ноҳияи Зафаробод |
Солҳои 2008-2011 |
Сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Зафаробод |
Солҳои 2011-2014 |
Раиси Ҷамоати шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод |
06-09 соли 2014 |
Сардори шӯъба-муовин оид ба иқтисодиёт ва молияи Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд |
Солҳои 2014-2015 |
Муовини якуми раиси ноҳияи Зафаробод |
Солҳои 2015-2016 |
Муовини раиси вилояти Суғд |
Солҳои 2016-2018 |
Раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд |
Солҳои 2018-2019 |
Муовини якуми раиси вилояти Хатлон |
14-28.01 соли 2019 |
Муовини раиси вилояти Суғд |
Солҳои 2019-2020 |
И.в. раиси ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд |
03-11 соли 2020 |
Раиси ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд |
Солҳои 2020-2022 |
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Каримзода С.Ғ.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Каримзода Саъди Ғафор вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№322
МАЪЛУМОТНОМА
КАРИМЗОДА Саъди Ғафор
аз 26 январи соли 2022 дар вазифаи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад
Соли таваллуд 12 августи соли 1969 Ҷои таваллуд шаҳри Душанбе
Миллат тоҷик Маълумот олӣ
соли 1992 Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро хатм кардааст
Ихтисос агрохимия ва хокшинос, номзади илмҳои биологӣ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ
Вакили халқ ҳаст ё не не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1986-1992 | Донишҷӯи Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 1988-1989 | Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ |
Солҳои 1992-1995 | Аспиранти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 1995-1998 | Ходими хурди илми Институти физиологияи растаниҳо ва генетика |
Солҳои 1998-2007 | Агрономи ташкилоти ғайридавлатии «Агроаксияи Олмон» (Deutsche Welthungerhilfe e. V.), шаҳри Душанбе |
Солҳои 2007-2011 | Ҳамоҳангсози барномаҳои Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA), шаҳри Душанбе |
Солҳои 2011-2012 | Мушовири байналмилалии Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳа оид ба ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва рушди устувори соҳаи пахтакорӣ», шаҳри Душанбе |
Солҳои 2012-2020 | Директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» |
Солҳои 2020-2022 | Муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикисто |
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистони
вилояти Суғд таъин намудани Ҳошимзода Р.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ҳошимзода Раъно иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№323
МАЪЛУМОТНОМА
ҲОШИМЗОДА Раъно
аз 26 январи соли 2022 дар вазифаи иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд кор мекунад
Соли таваллуд 29 октябри соли 1969 Ҷои таваллуд шаҳри Хуҷанд
Миллат тоҷик Маълумот олӣ
Соли 1991 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст
Ихтисос иқтисодчӣ
Унвони илмӣ номзади илмҳои иқтисод
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ
Вакили халқ ҳаст ё не вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не — не
Вазъи оилави оиладор
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1991-1992 |
Муаллими кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров |
Солҳои 1992-2008 |
Муаллимаи кафедраи фанҳои умумииқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров |
Солҳои 2008-2014 |
Сармуаллимаи кафедраи муҳосибот ва аудит, ноиб-декани шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров |
Солҳои 2014-2015 | Ноибдекани шӯъбаи рӯзонаи факултети молия ва иқтисодиёти бозори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров |
Солҳои 2015-2017 |
Декани факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон |
Солҳои 2017-2018 |
Муовини раиси шаҳри Хуҷанд |
Солҳои 2018-2022 |
Раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд |
аз январи соли |
И.в. Раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд |
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстони
вилояти Суғд таъин намудани Муинӣ М.М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Муинӣ Мавсума Муинзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№324
МАЪЛУМОТНОМА
МУИНӢ Мавсума Муинзода
аз 26 январи соли 2022 дар вазифаи Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Бӯстон кор мекунад
Соли таваллуд 8 октябри соли 1981 Ҷои таваллуд шаҳри Хуҷанд
Миллат тоҷик Маълумот олӣ
соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон,
соли 2019 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро хатм кардааст
Ихтисос ҳуқуқшинос, иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо
Унвони илмӣ номзади илмҳои таърих
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, форсии дарӣ, англисӣ
Вакили халқ ҳаст ё не не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не соли 2015 Медали «Хизмати шоиста»
Вазъи оилавӣ оиладор, соҳиби ду фарзанд.
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1998-2003 | Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, шаҳри Хуҷанд |
Солҳои 2016 – 2019 | Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2007-2011 | Аспиранти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров (шӯъбаи ғоибона), шаҳри Хуҷанд; |
Солҳои 2003 – 2004 | Ассистенти кафедраи ҳуқук ва мурофиаи ҷиноятии факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, шаҳри Хуҷанд; |
Солҳои 2004 — 2006 | Ассистенти кафедраи ҳуқуки ҷиноятӣ ва криминалистикаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, шаҳри Хуҷанд; |
Солҳои 2006 – 2007 | Ассистенти кафедраи ҳукуқи судӣ ва назорати прокурории Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, шаҳри Хуҷанд; |
Солҳои 2007 -2009 | Омӯзгори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистика, сармуаллимаи кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистикаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, шаҳри Хуҷанд; |
Солҳои 2009-2014 | Муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе; |
Солҳои 2014 — 2017 | Муовини якуми Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2017-2022 | Муовини раиси шаҳри Душанбе |
аз январи соли 2022 то имрӯз |
иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстони вилоят |
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истиқлоли
вилояти Суғд таъин намудани Маҳмудзода Қ.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Маҳмудзода Қаюмҷон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№325
МАЪЛУМОТНОМА
МАҲМУДЗОДА Қаюмҷон
аз 26 январи соли 2022 дар мансаби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд кор мекунад
Соли таваллуд 9 июни соли 1965 Ҷои таваллуд шаҳри Хуҷанд
Миллат тоҷик Таҳсилот олӣ
соли 1992 Институти политехникии Тоҷикистонро хатм кардааст
Ихтисос муҳандис-механик
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ
Вакили халқ ҳаст ё не вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон ва вилояти Суғд
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1982-1983 |
Донишҷӯи Омӯзишгоҳи тезникии №3 ба номи Ю.Гагарин, шаҳри Хуҷанд |
Солҳои 1983-1985 |
Хизмати ҳарбӣ дар сафи Артиши Шӯравӣ, Республикаи халқии Монголия |
Солҳои 1986-1992 |
Донишҷӯи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 1993-1997 |
Ронанда, муҳандис-механик корманди шуъбаи таъминот ва фурӯши молҳои таёри иттиҳодияи истеҳсолии дузандагӣ ба номи Н.К.Крупская, шаҳри Хуҷанд |
Солҳои 1997-2009 |
Иқтисодчии асосӣ, сардори шуъбаи таъминоти молҳои тайёр, ҷонишини директори генралӣ оид ба корҳои тиҷорат, ҷонишини директори генералии иттиҳодияи истеҳсолии «Садаф» оидба корҳои истеҳсолот, директори корхонаи фаръии «Гранд»-и корхонаи воҳиди давлатии «Садаф», ҷонишини директори генералӣ, сармуҳандиси корхонаи воҳиди давлатии «Садаф» |
Солҳои 2009-2010 |
Директори генералии УВД «Садаф», шаҳри Хуҷанд |
Солҳои 2010-2013 |
Директори генералии КВД «Заря Востока»-и шаҳри Истиқлол |
Солҳои 2013-2016 |
Директори генералии КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон», шаҳри Бӯстон |
Солҳои 2016-2022 | Муовини якуми раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд |
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд
таъин намудани Муҳаммадзода Ш.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Муҳаммадзода Шӯҳрат раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№326
МАЪЛУМОТНОМА
МУҲАММАДЗОДА Шӯҳрат
аз 26 январи соли 2022 дар мансаби раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд кор мекунад
Соли таваллуд 30 сентябри соли 1978 Ҷои таваллуд ноҳияи Ашт
Миллат тоҷик Таҳсилот олӣ
Соли 2014 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро хатм кардааст
Ихтисос маркетинг
Унвони илмӣ надорад
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, ӯзбекӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
Вазъи оилавӣ оиладор
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 2003-2009 | Раиси хоҷагии деҳқонии «Шӯҳрат»-и ноҳияи Ашт |
Аз апрели соли 2009 то ҳол | Директори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ширкати сохтмонии Рахшона»-и ноҳияи Ашт |