Имрӯз дар Душанбе ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2021 баргузор гардид

Январь 12, 2022 20:03

ДУШАНБЕ, 12.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 дар шаҳри Душанбе 182 иншооту биноҳои ҷашнӣ ба маблағи умумии 7 миллиард сомонӣ ба истифода супорида шуданд. Ин нукта имрӯз  дар ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 баён гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар ҷаласа Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зикр намуданд, ки соли 2021 мардуми шарифи тоҷик, аз ҷумла сокинони пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои назаррас дар самти бунёдкориву созандагии Ватани соҳибихтиёри худ таҷлил намуданд.

Аз ҷумла,  дар доираи ҷамъбасти ин ҷашни бузурги миллӣ бунёди 16 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, 8 муассисаи тандурустӣ, 50 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 162 километр роҳ, 19 бинои маъмурӣ, 225 иншооти баландошёна бо 161 маркази хизматрасонӣ, 62 майдончаи варзишӣ, 9 гулгашт, таъмири 2 321 бинои истиқоматӣ, 116 хобгоҳ ва таъсиси беш аз 15 ҳазор ҷойи нави корӣ анҷом дода шуд.

Хаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 114 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 1,5 баробар, гардиши савдо 115 фоиз, хизматрасониҳои пулакӣ 123 фоиз ва боркашонӣ 104 фоиз афзоиш ёфта, рушди маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба 18 миллиард сомонӣ расонида шуд ва суръати афзоиши он нисбат ба соли гузашта 9 фоизро ташкил дода, ҳиссаи маҷмӯи маҳсулоти пойтахт дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат ба 19 фоиз баробар гардид.

Зимни таҳлили натиҷаҳои рушди соҳаи энергетикаи пойтахт иттилоъ дода шуд, ки марказҳои барқу гармидиҳӣ 1,6 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 884 ҳазор киловатт-соат зиёд аст.

Раиси шаҳр ҷиҳати сари вақт бартараф намудани камбудиҳои соҳа, аз ҷумла ба инобат гирифтани шартҳои техникӣ ҳангоми бунёди иншоот, аз нуқтаҳои наздик васл кардани ноқилҳо, аз байн бурдани қарздорӣ, гузаштан ба системаи хизматрасонии электронӣ ва инчунин барои ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст намудани боз 220 бинову иншооти нав дар давраи зимистони солҳои 2022-2023 ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҷиҳати ба талаботи шаҳрсозӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахт, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид доштанд, ки иншооту биноҳои шаҳр бояд бо усули замонавӣ ва бо дарназардошти санъати баланди меъмории миллӣ, зебо ва бо сифати баланд бунёд карда шаванд, то ба наслҳои оянда садсолаҳо хизмат расонанд. Дар ин робита кори комиссияҳои қабули давлатии иншооту биноҳо беҳбудиро тақозо менамояд, зеро аксар вақт биноҳо бе инобати роҳҳои зарурӣ, майдончаҳои бозии кӯдакон, шароит барои маъюбон, таваққуфгоҳҳо бунёд карда мешаванд. Вобаста ба ин, ба муовини якум ва сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳо андешанд.

Навсозӣ ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани инфрасохтори пойтахт, махсусан, таҷдиду навсозии роҳҳо заминаи муҳими рушди минбаъдаи шаҳр маҳсуб меёбад, зикр намуданд Раиси шаҳр. Дар зарфи 5 соли охир дар пойтахт 162 километр роҳҳо навсозӣ карда шудаанд, ки 7,7 километри он ба соли сипаришуда рост меояд. Мақомот ҷиҳати пешгирӣ кардани воридшавии сел ба кӯчаву хиёбонҳои шаҳр то имрӯз 16 километр шабакаҳои селпарто сохта, ба истифода додааст.

Инчунин бо мақсади дастгирии соҳаи роҳсозӣ дастгоҳи истеҳсоли асфалти аълосифат бо иқтидори 160 тонна дар як соат ва таҷҳизоти сангмайдакунӣ бо иқтидори 140 тонна дар як соат ба маблағи 16 миллион сомонӣ харидорӣ гардид, ки соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад. Барои санҷиши масолеҳи сохтмони роҳ соли ҷорӣ аз Ҷумҳурии Италия 110 дастгоҳи озмоишгоҳӣ ворид мегардад ва ҳамаи ин иқдомот баҳри баланд бардоштани сифати масолеҳи роҳсозӣ ва сохтмони роҳҳо равона шудаанд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба ҳолатҳои кашол додани муҳлати иҷрои корҳо дар баъзе иншооти роҳсозӣ, истифодаи масолеҳи пастсифат ва баъди ба истифода додани роҳҳо дар муҳлатҳои кӯтоҳ пайдо шудани ноҳамвориҳо, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои соҳа ва дар муҳлати муқарраршуда мутобиқ ба стандартҳои муосир ба истифода додани роҳҳо ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.

Раиси шаҳр зимни баррасии соҳаи нақлиёти пойтахт зикр намуданд, ки соли гузашта бо ҳама намуди нақлиёт 280 миллион нафар мусофир кашонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 фоиз зиёд мебошад. Дар зарфи панҷ соли охир соҳаи нақлиёти мусофиркашонии шаҳр комилан навсозӣ гардида, имрӯз хизматрасонии сокинону меҳмонони пойтахт тавассути воситаҳои нақлиёти замонавӣ ба роҳ монда шудааст. Дар зарфи панҷ соли охир аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, дар маҷмӯъ, 578 воситаи нақлиёти мусофиркашӣ, аз ҷумла 474 автобус ва 104 троллейбуси бесими замонавӣ харидорӣ гардид.


Бо мақсади таҷдиди назар намудани парки коммуналӣ, дар доираи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин созишнома ҷиҳати ворид намудани 466 воситаи нақлиёти коммуналӣ ба маблағи 415 миллион сомонӣ ҳамчун кумаки техникӣ ба имзо расонида шуд. Соли сипаришуда аз ин ҳисоб 413 воситаи нақлиёти коммуналӣ ба пойтахт ворид гардида, 53 нақлиёти боқимонда соли ҷорӣ ворид карда мешавад.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии мусофиркашонӣ ба сокинон ва меҳмонони пойтахт ба муовини соҳавӣ ва дигар сохторҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Тавре Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, тайи 5 соли охир дар шаҳри Душанбе 27 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 45 ҳазор ҷойи нишаст дар ду баст ва 12 муассисаи томактабӣ барои беш аз 2 ҳазор тарбиятгиранда мавриди истифода қарор дода шуда, бо ҳамин мушкилоти чандинсолаи соҳаи маориф, яъне норасоии ҷойи нишасти хонандагон пурра ҳал гардид.

Давоми соли 2021 7 муассисаи таълимӣ барои 15 ҳазор ҷойи нишаст дар ду баст бо тарҳи замонавӣ бунёд гардида, ба истифода супорида шуд. Ҳоло дар шаҳр сохтмони боз 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 40 ҳазор ҷойи нишаст ва 19 муассисаи томактабӣ идома дорад.

Дар се соли охир ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил шудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ба 80 фоиз расидааст. Соли сипаришуда хонандагон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, сазовори 773 медал гардидаанд. Ҳамасола хонандагону донишҷӯёни болаёқат аз стипендияи Раиси шаҳр бархурдор мегарданд.

Раиси шаҳри Душанбе иброз доштанд, ки бо вуҷуди фароҳам гардидани шароити мусоид ва таваҷҷуҳу дастгириҳои роҳбарияти олии мамлакат ва мақомот дар соҳаи маорифи пойтахт камбудиҳо низ ҷой доранд.

Ба масъулини сохторҳои дахлдори пойтахт дастур дода шуд, ки ҷиҳати такмил додани сатҳи касбии омӯзгорон ва баланд бардоштани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва ислоҳи камбудиҳои соҳа тадбирҳои зуруриро амалӣ намоянд.

Вобаста ба ин муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод намуданд, ки дар сатҳи шаҳр озмуни забондонӣ барои хонандагон зери унвони «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ», инчунин озмуни «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» аз рӯи фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ соли ҷорӣ ва минбаъд низ ташкил ва гузаронида шаванд.

Дар зарфи панҷ сол муассисаҳои тиббии шаҳр бо 35 мошини  замонавии ёрии таъҷилӣ ва дастгоҳҳои нави ташхис таъмин гардида, 118 нафар кӯдакони нуқсони дилдошта аз ҳисоби маблағҳои фонди захираи Раиси шаҳр ҷарроҳӣ карда шуданд ва ин кор минбаъд низ идома дода мешавад, зикр намуданд Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ.  Соли сипаришуда бо мақсади пешгирӣ кардани пандемияи коронавирус якуним миллион воя ваксина ворид карда шуд ва то имрӯз 725 ҳазор нафар сокинони шаҳр, ки 100 фоизи гурӯҳи мақсаднокро ташкил медиҳанд, эм карда шуданд. Таҷрибаи тибби ҷаҳонӣ собит намуд, ки роҳи ягонаи эмин мондан аз ин беморӣ ва наҷоти ҳаёти инсон танҳо эмгузаронӣ мебошад.

Дар ин робита муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз сокинони шаҳр даъват ба амал оварданд, ки дар маъракаи эмкунӣ фаъол бошанд, худ ва аъзои оилаашонро эм гузаронанд, то ин ки саломатии наздикон ва аҳли ҷомеа ҳифз карда шавад. Ба сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки аз моҳи феврали соли 2022 эмкунии навбатӣ ва пурраи сокинонро оғоз карда, дар баробари ин, корҳои фаҳмондадиҳиро доир ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ вусъат бахшанд.

Аз мавзуоти дигаре, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе таҳлилу баррасӣ гардид, ин баланд бардоштани мақоми занону ҷавонон ва нақши онҳо дар ҷомеа, мусоидат ба таҳсилу касбомӯзӣ ва таъмин намудани онҳо бо ҷойи кор буд. Ҳоло дар пойтахт бунёди як қатор иншооти муосири варзишӣ, аз ҷумла варзишгоҳи бузург бо 30 ҳазор ҷойи нишаст ва 135 майдончаи варзишӣ дар назди биноҳои баландошёна бомаром идома дорад. Дар зарфи 5 сол дар пойтахт 262 майдончаи варзиш ва бозии кӯдакона бунёд карда шуд, ки имрӯз сокинони пойтахт, аз ҷумла ҷавонону наврасон аз онҳо босамар истифода карда истодаанд.

Варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои бонуфузи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби 9 ҳазор медал гардидаанд.

Соли сипаришуда дар доираи эълон гардидани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2021 зиёда аз 300 чорабинии гуногуни фарҳангиву сиёсии шаҳрӣ ва ҷумҳуриявию байналмилалӣ гузаронида шуданд.

Дастпарварони муассисаҳои пойтахт дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» иштирок варзида, ба 108 ҷойи ифтихорӣ сазовор шуданд ва шаҳри Душанбе бо гирифтани ҷойҳои зиёд зинаи аввалро дар мамлакат ишғол намуд.

Бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардонидани пойтахт соли сипаришуда дар ҳудуди пойтахт 226 ҳазор бех дарахту буттаҳо, аз ҷумла зиёда аз 5 ҳазор бех дарахтони аз хориҷи мамлакат воридшуда ва 23 миллион гулҳои мавсимию бисёрсола, дар маҷмӯъ тайи панҷ соли охир дар хиёбону гулгаштҳо ва боғҳои шаҳр зиёда аз 600 ҳазор бех дарахт, аз ҷумла 26 ҳазор бех дарахти аз хориҷи кишвар овардашуда ва 58 миллион гулҳои гуногун шинонида шуданд. Вобаста ба ин, Раиси шаҳр зикр намуданд, ки дар панҷ соли охир 17 боғи замонавӣ ва 57 гулгашт бунёд гардида, барои сокинону меҳмонони пойтахт шароити хуби фароғат муҳайё карда шудааст.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар суханронӣ зикр намуданд, ки дар Паёми Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода шуд, ки то соли 2026, яъне то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои ободониву созандагӣ дар тамоми кишвар вусъат дода шаванд. Ба хотири иҷрои супориши Пешвои миллат мо нақша дорем, ки дар панҷ соли оянда шумораи ҷойҳои нави кориро ба 250 ҳазор расонем.

Ин ҳидоят мо ва мардуми шарифи пойтахтро водор месозад, ки тамоми саъю кӯшиши худро ҷиҳати боз ҳам ободу зебо намудани пойтахти азизамон- шаҳри Душанбе, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ барои аҳолӣ равона созем. Аз ин рў, ба муовини якум ва муовинон якҷо бо сохторҳои дахлдори Раиси шаҳр супориш дода шуд, ки дар муддати ду моҳ нақшаи чорабиниҳои «35-солагии Истиқлолияти давлатӣ»-ро бо баррасии ҳамаҷонибаи захираву имконияти мавҷуда ва ҷалби соҳибкорон ва шахсони ташаббускору эҳсонкор таҳия карда, барои тасдиқ ва иҷро пешниҳод намоянд.

Дар ҷаласа муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони сохторҳои тобеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт доир ба натиҷахои фаъолият дар соли сипаригардида ҳисобот доданд.

Дар идома Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ фаъолияти ширкатҳои мобилиро мавриди баррасӣ қарор дода, иброз  намуданд, ки хизматрасонии ин ширкатҳо ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст ва рӯнамоиашон аз сатҳу сифати фаъолият дида бештар мебошад. Аз ин лиҳоз ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар кӯтоҳтарин муддат ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи пойтахт вазифадор гардиданд, ки баҳри таъмини волоияти қонун ва амният, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ тадбирҳои бетаъхир андешанд.

Дар ҷамъбаст Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ изхори боварӣ намуданд, ки мардуми шарифи пойтахт ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ба хотири рушди устувор ва ба шаҳри муосиру пешрафта табдил додани Душанбе минбаъд низ бо азму иродаи қавии созандагӣ кору пайкор намуда, ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву софдилона пойтахтамонро ба ойинаи воқеии миллати тамаддунсози тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон табдил медиҳем.

Пас аз муҳокимаи ҳамаҷонибаи фаъолияти сохторҳои шаҳр дар соли 2021 қарори дахлдор қабул гардида, вазифаҳо барои давраи минбаъда муайян карда шуданд.

 

АКСҲО аз АМИТ «Ховар»

Январь 12, 2022 20:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВАҶҶУҲ! Ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт тариқи кӯчаи Қаҳҳоров дар Душанбе муваққатан манъ гардид
Дар баъзе шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад
Имрӯз иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум доир гардид
Имрӯз иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ. Аз 1 август дар Душанбе намоиш- фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ оғоз мегардад
Пагоҳ иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад
Пагоҳ дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявӣ «Ҳунар омӯз…» доир мешавад
Дар Австрия чойхонаи тоҷикӣ баъд аз таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе даври шаҳрии Фестивали яхмос, дӯғоб, шарбати мева ва обҳои ташнагишикан доир шуд
Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад
ТАВАҶҶУҲ! Аз 2 то 6 июл дар Душанбе маҳдудияти муваққатии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҷорӣ карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛРО БО ДАСТОВАРДҲОИ БЕНАЗИР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ! Ҳамоиши идона дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе