ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҳолатҳо барфи суст меборад

Январь 23, 2022 08:09

ДУШАНБЕ, 23.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҳолатҳо барфи суст борида, тормеғ (туман) мефарояд, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар буда, танҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят боришоти сусти барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8-13 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 дараҷа хунук, рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 25-30 дараҷа хунук шуда, дар баъзе минтақаҳо то 33-38 дараҷа хунук, рӯзона 8-13 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 16-21 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар буда, танҳо дар баъзе ноҳияҳо боришоти сусти барф ба амал омада, тормеғ (туман) мевазад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дарача хнук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар буда, танҳо дар баъзе ноҳияҳо боришоти сусти барф ба амал омада, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар доманакӯҳо шабона 5-10 дараҷа хунук,  рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар буда, танҳо шабона дар баъзе ноҳияҳо боришоти сусти барф ба амал омада, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда, шабона боришоти сусти барф ба амал омада, рӯзона асосан бебориш дар назар буда, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-5 дараҷа хнук, рӯзона 4+6 дараҷа гарм мешавад.

Январь 23, 2022 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад