ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрноки бебориш дар назар аст

Январь 21, 2022 08:07

ДУШАНБЕ, 21.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои қисман абрноки бебориш дар назар буда, тормеғ (туман) мефарояд, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то  2 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 19-24 дараҷа хунук шуда, дар баъзе минтақаҳо то 27-32 дараҷа хунук, дар мавзеи Булункӯл то 40-42 дараҷа хунук, рӯзона 4-9 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 11-16 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4  дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарам мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18  метр дар сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар доманакӯҳо шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабр, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-5 дараҷа хунук,  рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад.

Январь 21, 2022 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти унвони «Наҷоти сайёр» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз шуд
ҲАВАСМАНДИИ ОМӮЗГОРОН. Давоми 18 сол 3394 нафар омӯзгорони ҷавон дар вилояти Хатлон соҳиби замин гардиданд
Доир ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд