ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои қисман абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад
ДУШАНБЕ, 16.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои қисман абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мебошад. Дар шарқи вилоят шабона 19-24 дараҷа хунук, рӯзона 6-11 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок, дар водиҳо асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрноки асосан бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан борони кӯтоҳмуддат борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа хунук, рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок, дар водиҳо борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-3 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5+7 дараҷа гарм, рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






