ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Дар Тоҷикистон бориши борон ва барфи зиёд дар назар аст

Январь 13, 2022 14:37

ДУШАНБЕ, 13.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. То охири ҳафта дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои наздикӯҳию кӯҳӣ бориши барфи шадид дар назар дошта шудааст, иттилоъ медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат.

Дар қитъаҳои роҳҳои мошингарди “Душанбе – Чанок”, “Душанбе – Ваҳдат – Лахш”, “Душанбе – Рашт”, “Душанбе – Сангвор”, “Душанбе – Кӯлоб”, “Шоҳин – Дарвоз”, “Ванҷ – Хоруғ”, “Хоруғ – Ишкошим – Мурғоб” яхбандӣ дар назар дошта шуда, дар баъзе ҷойҳо барфтӯдаҳо ба амал омада, хатари баланди фаромадани тарма ва сангрезӣ боқӣ мемонад.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш менамояд, ки дар ин рӯзҳо то ҳадди имкон аз сафар ба манотиқи осебпазир ва минтақаҳои хатарнок, инчунин ҷамъоварии ҳезум, рафтан ба чарогоҳ, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд.

Кумита ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки дар шароити бориши барфу яхбандӣ нақлиётро бо воситаҳои барои чунин шароит зарурӣ таъмин намуда, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва ҳангоми гузаштан аз қитъаҳои дорои хатари тармафароӣ масофаи байни мошинҳо бояд қатъӣ риоя карда шаванд. Ҳангоми дар кӯчаҳо ҳаракат кардан ҳам хеле боэҳтиёт будан зарур аст, зеро ҳолати шикастани дарахтон ва кандани хатҳои баландшиддати барқ дар назар аст.

Қаблан Кумита хабар дода буд, ки бар асари бориши зиёд ҳолатҳои фаромадани тарма дар минтақаҳои ВМКБ, қаторкӯҳҳои Ҳисор, инчунин шоҳроҳҳои Хоруғ – Ишкошим, Душанбе – Варзоб – Айнӣ, Хоруғ – Мурғоб ба қайд гирифта шудаанд.

 

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 13, 2022 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд