«ОМӮЗГОР — ЧАРОҒИ РӮЗГОР». Дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат китоби нав интишор гардид
ДУШАНБЕ, 23.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ китоби «Омӯзгор-чароғи рӯзгор» таҳия ва нашр гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи омӯзгорӣ.
Китоб ба хотири нишон додани дастовардҳои соҳаи маориф дар замони истиқлол, мушкилот ва дурнамои соҳа, ки дар Паёми имсолаи Президенти Тоҷикистон таъкид шудаанд, инчунин ҷойгоҳи омӯзгор дар ҷомеаи муосир нашр гардида, фарогири се бахш аст.
Дар китоби мазкур симои омӯзгор, масъалаҳои мубрами таълиму тарбия ва илму маориф дар партави суханрониҳо, паёмҳо ва таълифоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ инъикос шудаанд. Муҳимияти суханрониҳои Сарвари давлат дар он зоҳир мегарданд, ки зимни ироаи онҳо масъалаҳои мубрами мактабу маориф, роҳҳои бурунрафт аз мушкилоти мавҷуда ва дурнамои соҳа бо дидгоҳи нав мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Силсилаи мақолаҳои ҳайати профессорону омӯзгорони ДДОТ ба номи С.Айнӣ, бавижа мақолаҳои профессорон Нуъмонҷон Ғаффорӣ ва Саидмуроди Хоҷазод «Сифатҳои воло ва самараи мактаби давлатдории Пешвои миллат», Рухшона Восиева «Нақши муассири Пешвои миллат дар рушди илму маориф», Бобоҷон Самиев «Омӯзгор – шахсияти калидии низоми таълиму тарбия дар ҷомеаи муосир», Абдусамад Муллоев «Шахсият, симо ва мақоми омӯзгор», Акобир Мирзораҳимов ва Тоҳирҷон Сатторов «Таваҷҷуҳ ба тавсеа ва рушди илмҳои табиӣ -риёзӣ ва дақиқ дар паёмҳои Пешвои миллат» доир ба нақшу ҷойгоҳи омӯзгор дар ҷомеа дар китоб фароҳам омада, қисмате аз онҳо масъалаҳои меҳварии соҳаро дар партави суханрониҳо, таълифот ва Паёмҳои Пешвои миллат ба риштаи пажӯҳиш кашидаанд.
Китоб барои устодон, муаррихон, пажӯҳишгарон, кормандони соҳаи маориф, хизматчиёни давлатӣ, унвонҷӯён, донишҷӯён ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
АКС: ДДОТ ба номи С.Айнӣ








Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд






