«ОТАШИ ҶАШНИ САДА ОТАШИ МЕҲРИ ВАТАН АСТ!». Таҳти чунин унвон дар нашриёти «Ирфон» конференсияи илмӣ-адабӣ доир гардид

Январь 28, 2022 13:16

ДУШАНБЕ, 28.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба ҷашни бостонии Сада ва муаррифии нақшаи чопи китоб дар Муассисаи нашриявии «Ирфон» таҳти унвони «Оташи ҷашни Сада оташи меҳри Ватан аст» бо иштироки намояндагони илму адаб конференсияи илмӣ-адабӣ баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз муассисаи мазкур.

Зимни ифтитоҳи конференсия директори  Муассисаи нашриявии «Ирфон» Қурбон Ғуломзода иброз дошт, ки Сада мисли Наврӯзу Меҳргон аз ҷашнҳои миллии ориёитаборон ба шумор рафта, онро ҳар сол мардуми тоҷик дар баҳман- моҳи 11-уми солшумории шамсӣ, ки ба 21 январ-20 феврал рост меояд, ҷашн мегиранд. Сада- ин пирӯзии рӯшанӣ бар зулмот, гармӣ бар сардӣ, некӣ бар бадӣ буда, панҷоҳ шабонарӯзро то фарорасии Наврӯз дар бар мегирад.

«Ҷашни Сада оғозбахши мавсими нави кор барои мардуми заҳматқарин мебошад. Дар ин ҳангом техника таъмир гардида, ба мавсим тайёр карда мешавад. Дар анборҳо маводи сўзишворӣ, нуриҳои минералию органикӣ захира мегарданд. Яхобмонии баъзе қитъаҳои замин ба роҳ монда мешавад. Хулоса дар мавсими Сада деҳқон ба такопӯ даромада, ба баҳор омодагӣ мегирад»,-зикр намуд Қурбон Ғуломзода.

Нависанда Садриддин Ҳасанзода изҳор намуд, ки «мувофиқи ривояти «Шоҳнома» Ҳушанг шоҳи сулолаи Пешдодиён, асосгузори ҷашни Сада мебошад. Гӯё Ҳушанг ҳамроҳи дарбориёнаш дар саҳро ба море дучор  мешаваду сӯйи мор санг меандозад. Санг ба санги дигар бархӯрда, аз он оташак меҷаҳад ва ҳамин тавр оташ кашф мегардад».

Зимни конференсияи илмӣ-адабӣ оид ба таҷлили Сада нависанда Саидмурод Рабизода аз таърихи ин иди бостонӣ мисол оварда, гуфт, ки «Сада чун идҳои Наврӯзу Меҳргон яке аз ҷашнҳои басо қадимии мардуми ориёинажод  буда, дар аҳди қадим хеле мутантану пуршукӯҳ, бо шодию сурур, оташафрӯзию гулханфурӯзӣ, рақсу тарона ва оростани хони пурнозу неъмат ҷашн гирифта мешуд. Дар осори илмию фарҳангии абармандони тоҷику форс Абурайҳони Берунӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Наршахӣ ва дигарон оид ба иду ҷашнҳои мардумӣ маълумоти ҷолибу рангин ва муфассал мавҷуданд. Таҷлили ҷашну суннатҳои мардумию миллии тоҷик, аз қабили Сада, Наврӯз, Меҳргон барои аз нав эҳё намудану ба наслҳои оянда мерос гузоштани онҳо қарзи ҳар фарди тоҷик — онҳоест, ки ин Ватанро дӯст медоранду худро вориси ояндаи он мешуморанд».

Дар идомаи кори ҳамоиш аз ҷониби китобдори муассиса оид ба ҷашни Сада ва китобҳои тозанашр намоиш ташкил гардида, инчунин хулосаи библиографӣ дода шуд.

Январь 28, 2022 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад