ПАРВОЗҲО МИЁНИ ДУШАНБЕ ВА АЛМААТО БАРҚАРОР МЕШАВАНД. Нахустин парвози ширкати «Сомон Эйр» баъд аз ба эътидол омадани вазъ дар Қазоқистон пас аз чанд рӯз сурат мегирад

Январь 15, 2022 12:05

ДУШАНБЕ, 15.01.2022 /АМИТ «Ховар» /. Ширкати «Сомон Эйр» пас аз ба эътидол омадани вазъ дар Қазоқистон парвозҳоро ба Алмаато барқарор мекунад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти ин ширкат хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, парвозҳо дар самти Душанбе-Алмаато ва Алмаато-Душанбе дубора  барқарор мегарданд.

Гуфта мешавад, ки парвозҳои ширкати «Сомон Эйр» ба Алмаато ва бозгашт ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе сурат мегиранд. Тибқи иттилои сомонаи ширкати ҳавопаймоӣ, парвози навбатӣ ба Алмаато 19 январи соли 2022 дар назар аст, вақти парвоз соати 10 (бо вақти маҳаллӣ)  муқаррар шудааст.

Парвози ширкати Air Astana ба Душанбе рӯзи 16 январ дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки аз 15 январи соли ҷорӣ Қазоқистон қоидаҳои нави вуруд ба кишварро ҷорӣ кард. Ҳамин тариқ, тибқи фармони Комиссияи байниидоравии Ҷумҳурии Қазоқистон ҷиҳати пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус, ҳамаи мусофироне, ки аз хориҷи кишвар меоянд, бояд натиҷаи манфии санҷиши ПСР  барои COVID-19 дошта бошанд. Шаҳодатномаҳо дар бораи набудани коронавирус бояд аз ҷониби ҳамаи мусофирон, аз ҷумла онҳое, ки  ваксина гирифтаанд, пешниҳод карда шаванд. Танҳо кӯдакони то 5-сола истисно мебошанд. Зикр карда мешавад, ки шаҳодатномаи натиҷаи санҷиш дар давоми 72 соат аз рӯзи гирифтани намуна эътибор дорад.

Маркази матбуоти ширкат ҳамчунин хабар медиҳад, ки аз моҳи январи соли 2022 ба ҷадвали парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Москва (Домодедово) — Душанбе тағйирот ворид шудааст. Минбаъд вақти парвозҳо аз Душанбе рӯзҳои душанбе, панҷшанбе, шанбе ва якшанбе соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ, аз Маскав соати 21:45  ба вақти макҳаллӣ сурат мегиранд. Рӯзҳои сешанбе, чоршанбе ва ҷумъа вакти парвоз аз Душанбе соати 19-10, аз Москва — соати 22-50 ба вақти маҳаллӣ  муқаррар шудааст.

                                                     АКС:  twitter.com

Январь 15, 2022 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд