ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА КОНСТИТУТСИЯ АРҶ МЕГУЗОРАНД. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат

Январь 15, 2022 09:07

ДУШАНБЕ, 15.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи муҳиме, ки пайваста дар маърӯзаҳо ва паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон са­до медиҳад ва Сарвари давлат нисбат ба он бо эҳтироми хосса ва беандоза ҳарф мезананд ва нақши онро пайваста дар таърихи навини дав­латдориамон ва бунёди давлати миллӣ ва дастовардҳои халқу миллатамон таъкид менамоянд, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебо­шад. Ин бори дигар аз садоқати Пешвои миллат ба ин санади тақдирсози давлат ва миллат гувоҳӣ дода, эҳтиром ва арҷгузории Сарвари давлат ба Конститутсия барои роҳбарону шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва ҳар фарди мамлакат намунаи ибрат ба шумор меравад. Чунин ибрози назар намуд муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Каримзода ба мухбири АМИТ «Ховар».

Дар зер андешаҳои пурраи муаллифро пешниҳод менамоем.

-Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола онро зиёиёну хиз­матчиёни давлатӣ ва намояндагони касбу кори гуногун бесаброна интизорӣ мекашанд, ҳамеша таваҷҷуҳи ҷомеаро ба худ мекашад, ки  ин бесабаб нест. Он аз як тараф, агар аз аҳамияти хосса касб намудани Паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ша­ҳодат диҳад, аз ҷониби дигар  ифодакунандаи нуқтаи на­зари Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди самтҳои стратегии дав­лат дар ояндаи наздику дур арз­ёбӣ ме­гардад.

Паём бо диди масъалаҳо, таҳлил ва тартиби гузориш, таҳлилу пеш­гӯиҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат барнома ё дурнамои му­каммали фаъолияти давлат дар давраи кӯтоҳмуддат ва оянда мебошад ва он бо назардошти муайян кардани самтҳои фаъолияти соҳаҳои иқ­тисодиву иҷтимоии мамлакат, азму талош барои муҳайё сохтани ша­роити зиндагии шоиста ба ҳар сокини мамлакат, ҳалли саривақтии масъа­лаҳои вобаста ба таъмини нишондиҳандаҳои дурнамо ва таъкиди аф­залият пешниҳод мегардад.

Ҳамчунин Паём дар соли таҷлили чорабинии муҳими сиёсию дав­­латӣ- 30-солагии Истиқлолияти дав­­латии Ҷумҳурии Тоҷикистон до­ир гардид, ки он новобаста аз нобасомониҳои солҳои авввали соҳибис­тиқ­лолӣ дар таърихи ташаккули давлати миллӣ ва миллати тоҷик, фарҳанги давлатдорӣ, фарҳанги сиёсӣ, ташаккули сифатан нави андешаи миллӣ, ҳувияти миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ нақши мондагор боқӣ гузошт.

Аз ин рӯ, табиист, ки Паём ҳамчун ҳуҷҷати барномавии давлатӣ, ки сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати мамлакат бори нахуст дар он иф­шо мегардад, аз маркази диққати аҳолии мамлакат дур буда на­ме­та­вонад.

Сарвари давлат дар баробари мавҷудияти Конститутсия дар давлат ва ҷомеа ҳамчун танзимкунандаи муносибатҳои муҳими давлатӣ ва дав­латдорӣ, инчунин ба нақши фалсафӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии он, ки бештар чунин фаҳмиши масъала ба олимону хирадмандони барҷастаи таъ­рихи илм марбут аст, аҳамияти аввалиндараҷа дода, бо ҳамин дар кушодани моҳияти васеи илмии ин санади воло донишҳои бе­ниҳоят қа­вии илмӣ зоҳир менамоянд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 тақвияти гуфтаҳои боло буда, муносибати илмии асос­ноки Пешвои миллатро ба Конститутсия амиқ муайян наму­дааст, чу­нон­чи:

«Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд.

Сарқонуни мамлакат Тоҷикистони моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дав­лати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, барои шароити зиндагии арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ гузошта шудаанд.

Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақ­дирсозу ҳалкунанда бозид.

Ба ибораи дигар, Қонуни асосӣ бо иродаи мардуми мамлакат сохти давлатдории навини тоҷиконро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд.

Конститутсия нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байнал­ми­лалӣ ва давлатҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад.

Маҳз бо риояи қатъии меъёрҳои конститутсионӣ мо имрӯз барои ра­­сидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи ҷомеаи мамлакатамон дар самти эъ­мо­ри давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор мегу­зо­рем».

Пешвои миллат дар Паёми худ аз 21 декабри соли 2021, ки аз таҳлили мушаххаси 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ шурӯъ гардид, дар баробари ваз­ниниҳои соли аввали соҳибистиқлолӣ ва роҳандозӣ намудани чорабиниҳо барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии мамлакат, инчунин ба нақши иҷ­лосияи таъ­рихиии XYI Шӯрои Олии Ҷум­ҳурии То­ҷикистон баҳо дода, дар ин раванд аз қабули Конститутсияи мам­лакат ва нақши он дар ислоҳоти минбаъдаи конститутсионӣ ёдовар гардиданд. Аз ҷумла, зикр карданд, ки «баъди барқарорсозии ҳокимияти конс­титутсионӣ зарурати қабули Конститутсияи нав ба миён омад, то асос­ҳои бунёдии ҷомеа, шакли идораи давлат ва дигар арзишҳои дав­латдорӣ муайян карда шаванд.

Шашуми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистони соҳибихтиёр Конститутсия, яъне санади сарнавиштсоз бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва минбаъд дар асоси он мо ба ислоҳоти конститутсионӣ оғоз кардем.

Дар моддаи якуми ин ҳуҷҷати тақдирсоз сохти давлатдории навини то­ҷикон муайян карда шуд ва Тоҷикистон бо иродаи мардум давлати со­ҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид.

Дар асоси Конститутсия парламенти касбии дупалатагӣ, Қувваҳои Му­саллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои ҳо­ки­мияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, яъне шохаҳои алоҳидаи ҳо­кимияти давлатӣ таъсис дода шуданд.

Дар заминаи Конститутсия минбаъд Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ҳамчун рамзҳои давлатдорӣ тасдиқ гардиданд.

Инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шуда, халқ чун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид.

Шаклҳои гуногуни моликият асоси иқтисодиёти Тоҷикистон эътироф гардида, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқи соҳибмулкӣ кафолат дода шуд».

Дар Паёми худ Сарвари давлат дар заминаи Конститутсия ба роҳандозии сиёсати башар­дӯстона дахл карда, дар бораи фармон аз 30 ап­рели соли 2004 «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл»,  17 маро­тиба қабул кардани қонун дар бораи авф ва нисбат ба 170 000 нафар тат­биқ гар­дидану аз адои ҷазо озод карда шудани онҳо, аз ҷумла 7 сент­ябри соли 2021 ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ қабул намудани Қонуни авф ва аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод гар­дидани 11 500 нафар, чор маротиба қабул намудани қонун оид ба авфи шаҳр­­вандон ва шахсони ҳуқуқии мамлакат бинобар қонунигардонии маб­лағҳо ва молу мулкашон  ибрози андеша намуданд.

Бояд зикр кард, ки муносибати Сарвари давлат ба Конститутсия аз ху­ди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сарчашма мегирад, ки тибқи он:

«Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд».

Ҳамин тариқ, Паём, ки худ институти сиёсӣ ва ҳуқуқии пешбинӣ ва эъ­лон ­­­намудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, тавассути ироаи он аз ҷониби Сарвари давлат дар таҳ­кими фаҳмиши илмии Конс­титутсия, кушодани ҷабҳаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоию фарҳангии он нақ­­ши арзанда мегузорад, ки он пеш аз ҳама, аз муносибати ҷид­дии Сарвари давлат ба Конститутсия ва ҳуҷҷати тақдирсози давлат ва миллат будани он шаҳодат медиҳад.

Аз ин рӯ, мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассиса,  шахсони мансаб­дор ва шаҳрвандони мамлакат уҳдадории конститутсионӣ доранд, ки ба Конститутсия арҷ гузоранд,  меъёрҳои онро риоя ва волоияти онро таъ­мин намоянд, арзишҳои умуми­башарӣ ва миллии дар он эълон­гар­дидаро чун гавҳараки чашм эҳтиром ва ҳифз намоянд. Танҳо дар ҳа­мин сурат мо воқеан ба бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва иҷтимоӣ расида метавонем.

АКСҲО: АМИТ  «Ховар»

Январь 15, 2022 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст