Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Январь 6, 2022 13:50

ДУШАНБЕ, 06.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 6 январи соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Роҳбарони давлатҳо рафти иҷрои тавофуқоти дар доираи дуҷониба ҳосилшударо баррасӣ карда,  перомуни масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Сарони ду кишвар вазъи кунуниро дар Ҷумҳурии Қазоқистон муҳокима намуда, изҳори умедворӣ карданд, ки оромӣ ва тартибот ҳарчи зудтар барқарор хоҳанд шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳо, ки ба таъмини сулҳу амният ва субот дар минтақа равона шудааст, таъкид намуданд.

Январь 6, 2022 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва вазири корҳои дохилӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Шакли нави сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сино бинои тарабхонаи «Баҳор — Форел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сино ҶДММ «Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ, платаҳои чопӣ ва фурӯзонакҳои диодии ҶДММ «Ғаюр Гуруҳ»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нонию қаннодии ҶДММ «Нонпаз»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи табрикӣ ирсол намуданд