Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе прапоршики Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Ш. Сангалиевро гунаҳгор донист
ДУШАНБЕ, 21.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе тафтиши парвандаи ҷиноятиро бо моддаи 110, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қасдан ба саломатӣ расонидани зарари вазнине, ки барои ҳаёти инсон хавфнок) нисбат ба сардори нуқтаи алоқаи қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, прапоршик Сангалиев Шоҳрух Рустамович, соли таваллудаш 02.02.1999 ба итмом расонида, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятӣ муқаррар намуд, ки Сангалиев Шоҳрух Рустамович зимни иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ 22 июни соли 2021 ба сафари хизматӣ ба қисми ҳарбии КҲФ ва МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида шуда, дар ин давом даст ба содир намудани ҷинояти вазнини қасдона задааст.
Чунончӣ 16 августи соли 2021, тахминан соати 19:30 дақиқа дар деҳаи Сароби ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ байни хизматчиёни ҳарбии қисми ҳарбии номбурда прапоршик Сангалиев Шоҳрух Рустамович ва лейтенанти калон Ҳофизи Саймурод муноқиша cap задааст. Дар ҷараёни муноқиша прапоршик Сангалиев Ш. Р. бо мақсади расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо корди бо худ доштааш ба тарафи чапи мавзеи камари лейтенанти калон Ҳофизи Саймурод як зарба зада, ба ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ барои ҳаёт хавфнок расонидааст.
«Суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе судшаванда Сангалиев Шоҳрух Рустамовичро дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 110, қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, номбурдаро маҳкум кард»,- омадааст дар хабари Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
АКС аз манбаи боз








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






