РОҲИ ДУШАНБЕ-ЧАНОК КУШОДА ШУД. Роҳ пас аз фаромадани 17 тарма тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт дар ду самт оғоз гардид

Январь 4, 2022 13:30

ДУШАНБЕ, 04.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаракати нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок аз нав ба роҳ монда шуд. Кормандони ширкати нигоҳдории роҳ барфтӯдаҳоро бартараф намуданд ва  ҳаракати мошинҳо дар ду самт миёни Душанбе ва Хуҷанд роҳандозӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз идораи ширкати IRS иттилоъ доданд.

Тайи рӯзҳои охир дар баландкӯҳҳои Тоҷикистон бориши барф афзоиш ёфтааст. Наҷотдиҳандагон ҳушдор додаанд, ки дар масири кӯҳии Душанбе-Чанок, муҳимтарин роҳи васлкунандаи шимолу ҷануби Тоҷикистон вазъияти хавфноки тармафароӣ ба вуҷуд омадааст.

Бинобар ин Раёсати БДА-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки роҳи мошингард баста шавад. Намояндаи IRS Далери Абдулло гуфт, миқдори фаромадани тарма дар ин масир афзоиш ёфта, ҳудуди 20 километр — аз километри 62 то 82 -ро фаро мегирад.

«Агар дирӯз 14 тарма ба қайд гирифта шуда бошад, ҳоло шумораи онҳо ба 17 адад расидааст. Баландии тарма дар баъзе ҷойҳо ба 15 метр расида, ҳудуди 35 мошин ба ин минтақа сафарбар шудааст», — гуфт Далери Абдулло.

Ба гуфтаи ӯ, шоми 3 декабр кормандони Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати нақлиёт ва ҳамчунин мақомоти маҳаллии ноҳияи Варзоб ба маҳалли тармафароӣ омаданд. «Ду мошин зери тарма монда, мусофиронро кормандони IRS наҷот доданд. Ягон кас ҳалок  ё захмӣ нашудааст. Дар маҷмӯъ, тақрибан 25 мошин дар минтақаи тарма дар мондаанд ”- иброз дошт сухангӯи IRS.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз, 4 январ, ҳаракати нақлиёт дар ду самт -навоҳии Айнӣ ва Варзоб қатъ карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки филиали ширкати бритониёии IRS бар асоси тавофуқ бо ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2009 нигоҳдорӣ ва тармими роҳи Душанбе-Хуҷандро дар масофаи 358 километр бар уҳда дорад.

АКС: IRS

Январь 4, 2022 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон