САДА — МУЖДА АЗ ГАРМИЮ НУР. Ба ин муносибат дар Шаҳринав намоиш-фурӯши ниҳолҳо ва гулу буттаҳо ташкил гардид
ДУШАНБЕ, 28.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 27 январ дар гулбоғи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода дар ноҳияи Шаҳринав ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор шуд, ки дар он кишоварзон, ҳунармандон ва доираи васеи сокинон иштирок намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав.
Дар ҷашни Сада дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба маърази намоиш гузошта шуданд. Дар ин радиф боғдорон гӯшаеро бо намудҳои зиёди ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ, гулу буттаҳои ҳархела ва тухмиҳои зироат ба намоиш гузошта, аз ҳосили фаровони сол мужда расониданд.
Дар гӯшаи дигар тамоми намудҳои техника ва мошинолоти кишоварзӣ гузошта шуданд. Ҷашни Сада омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ аст, дар ин замина воситаҳои техникии кишоварзӣ таъмир гардида, ба мавсими кишту кор омода карда мешаванд.
Аз тарафи ҳунармандон гӯшаҳои ҳунармандӣ, аз ҷумла оҳангарӣ, рассомӣ, пазандагию дӯзандагӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ ба намоиш гузошта шуда, диққати ҳамагонро ҷалб намуданд.
Раиси ноҳия Ҷаббор Носирзода сокинони ноҳияро ба фарорасии ҷашни аҷдодии Сада самимона табрик гуфта, дар корҳои ободонӣ ва оғози мавсими нави фаъолият барору комёбиҳо орзу намуд.
8 нафар кишоварзони ноҳия барои хизматҳои арзанда дар рушду пешрафти соҳаи кишоварзӣ бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав сарфароз гардиданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия барномаи ҳунарӣ манзур намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Сада табиатан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонад. Оташи афрӯхтаи марди деҳқон бахшандаи нур ба чеҳраҳо ва сурур ба қалбҳост.
АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав











Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






