Сафири Тоҷикистон дар Узбекистон бо Директори генералии ширкати «Nobel Pharmsanoat» мулоқот намуд

Январь 28, 2022 14:42

ДУШАНБЕ, 28.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 январ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода аз ширкати истеҳсолии дорусозии «Nobel Pharmsanoat» дидан намуда, бо Директори генералии он Кюршат Женк Четин вохӯрд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» ба истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Узбекистон.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҷиҳати рушди ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Nobel  Pharmsanoat»-и Узбекистон изҳори назар намуданд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода дар бораи Солҳои рушди саноат  эълон гардидани солҳои 2022-2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имконияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуда, даъват намуд,  ки ҷиҳати таъсиси корхонаи муштараки дорусозӣ иқдом гирифта  шавад.

Кюршат Женк Четин миннатдории худро ҷиҳати дастгирии Сафорат барои кушодани намояндагии «Nobel Pharmsanoat» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда, рушди ҳамкориро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон афзал шуморид.

Бояд гуфт, ки ширкати «Nobel Pharmsanoat» соли 1964 дар Туркия таъсис ёфта, айни замон панҷ корхонаи бузурги истеҳсолии он дар давлатҳои Туркия, Қазоқистон ва Узбекистон фаъолият менамоянд.

Ширкати мазкур кори худро дар Ҷумҳурии Узбекистон аз соли 2003 шурӯъ намуда, ба истеҳсоли 150 намуди дорувории муосир мутобиқи стандартҳои байналмилалии GMP машғул шуда, онҳоро ба бозори дохилӣ ва мамлакатҳои хориҷӣ содирот менамояд.

                                        АКСҲО: Сафорати Тоҷикистон дар Узбекистон

Январь 28, 2022 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд