Сафири Тоҷикистон дар Узбекистон бо Директори генералии ширкати «Nobel Pharmsanoat» мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 28.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 январ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода аз ширкати истеҳсолии дорусозии «Nobel Pharmsanoat» дидан намуда, бо Директори генералии он Кюршат Женк Четин вохӯрд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» ба истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Узбекистон.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҷиҳати рушди ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Nobel Pharmsanoat»-и Узбекистон изҳори назар намуданд.
Абдуҷаббор Раҳмонзода дар бораи Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имконияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуда, даъват намуд, ки ҷиҳати таъсиси корхонаи муштараки дорусозӣ иқдом гирифта шавад.
Кюршат Женк Четин миннатдории худро ҷиҳати дастгирии Сафорат барои кушодани намояндагии «Nobel Pharmsanoat» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда, рушди ҳамкориро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон афзал шуморид.
Бояд гуфт, ки ширкати «Nobel Pharmsanoat» соли 1964 дар Туркия таъсис ёфта, айни замон панҷ корхонаи бузурги истеҳсолии он дар давлатҳои Туркия, Қазоқистон ва Узбекистон фаъолият менамоянд.
Ширкати мазкур кори худро дар Ҷумҳурии Узбекистон аз соли 2003 шурӯъ намуда, ба истеҳсоли 150 намуди дорувории муосир мутобиқи стандартҳои байналмилалии GMP машғул шуда, онҳоро ба бозори дохилӣ ва мамлакатҳои хориҷӣ содирот менамояд.
АКСҲО: Сафорати Тоҷикистон дар Узбекистон








Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид






