Шафақ Фаррухзод, раиси Ҷамъияти фарҳангии тоҷикони Фаронса: «Мо ифтихор дорем, ки намоишгоҳи «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» аврупоиҳоро бо фарҳанги бостониямон шинос кард»

Январь 11, 2022 09:03

ДУШАНБЕ, 11.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, баъд аз се моҳи намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи миллии санъати Осиёии «Гиме»-и шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса 8 январ маросими пӯшидавии он баргузор гардид, ки дар анҷоми он раиси Ҷамъияти фарҳангии тоҷикони Фаронса «Равзана», скрипканавози маъруф Шафақ Фаррухзод андешаҳояшро ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд.

Мавсуф зикр кард, ки «баргузории намоишгоҳи осори таърихии «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Фаронса шахсан дар дили ман ҳисси ифтихорро бедор намуд. Ман дар Консерватория ба донишҷӯён мусиқии тоҷикӣ дарс медиҳам, оид ба фарҳангу тамаддунамон нақл мекунам. Бо ташкили ин намоишгоҳ онҳо на танҳо аз забони ман шуниданд, балки тавонистанд нигораҳоро бо чашмони худ бубинанд ва бо порае аз таъриху фарҳанги мо шинос шаванд».

Бояд гуфт, ки сокинони Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупо тӯли се моҳ имкон пайдо карданд, ки бо бозёфтҳои таърихии Саразми бостонӣ, Тахти Сангин, расмҳои девори Панҷакенти бостонӣ, ёдгории машҳури Аҷина-теппа, қалъаи Кофарнихон, Хулбук, осори нодири тиллою нукра ва дигар нигораҳо аз наздик шинос шаванд.

«Барои дар чунин сатҳи баланд гузарондани ин намоишгоҳ корҳои зиёде ба анҷом расидаанд. Ташаккури зиёд ба ҳамаи онҳое, ки дар тӯли зиёда аз як сол кор карда, сарфи назар аз пандемияи коронавирус ин масъаларо ба охир расониданд. Дар чунин замони барои ҳама душвор, ки ҳатто ба ҷое рафтан осон нест, онҳо тавонистанд як ҳавопаймо нигораҳоро аз Тоҷикистон биёранд»,- иброз намуд Шафақ Фаррухзод

Ёдовар мешавем, ки маросими ифтитоҳи намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи миллии санъати Осиёии «Гиме»-и шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса 13 октябр бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон дар сатҳи хеле баланд баргузор гардид.

АКС аз бойгонии шахсии Шафақ Фаррухзод

Январь 11, 2022 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд