Сирри барқвор паҳн шудани «омикрон» ошкор шуд
ДУШАНБЕ, 26.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Штамми коронавируси «омикрон» аз сабаби зинда мондани он дар баъзе сатҳҳо зуд паҳн мегардад, чунин мегӯянд олимони Донишгоҳи тиббии Киотои Ҷопон. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, натиҷаи пажӯҳиши онҳо дар портали Biorxiv нашр шудааст.
Ба гуфтаи коршиносон, мутатсияи нави SARS-CoV-2 қодир аст дар ашёи пластикӣ ва пӯсти инсон нисбат ба нусхаҳои қаблии вирус хеле дарозтар зиндагӣ кунад. Илова бар ин, зикр карда мешавад, ки «омикрон» метавонад муддати тӯлонитар сирояткунанда боқӣ монад.
Дар пластик муҳлати миёнаи мавҷудияти ҳадди охири вирус 56 соатро ташкил дод. «Делта» 114 соат боқӣ мондааст. «Омикрон» тавонист дар рӯи чунин ашё тақрибан 193,5 соат зиндагӣ кунад,- аниқ кардаанд олимон.
Дар намунаҳои пӯсти ҷасадҳо SARS-CoV-2-и аввалин 8,6 соат ва мутатсияи охирин 21,1 соат мавҷуд будааст.
Тавре муҳаққиқон тахмин мекунанд, аз як тараф маҳз бо ҳамин сабабҳо “омикрон” намудҳои қаблии коронавирусро иваз карда, бо суръати барқвор ба афзоишёбӣ сар кард.
Мутатсияи B.1.1.529, ки бо номи штамми omicron низ маълум аст, охири моҳи ноябр дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ муайян карда шуд. Он даҳҳо тағйиротро дар S-протеини барои сирояти ҳуҷайраҳо зарурӣ дорост. Ба гуфтаи олимон, тағйироти зиёди геном аз интиқоли баланди ин намуд ва муқовимати он ба подтанҳои муҳофизатӣ шаҳодат медиҳанд.
Коршиносон бар ин назаранд, ки афроди аллакай беморшудаю ваксинагирифта низ метавонанд ба он мубтало шаванд ва нишонаҳои он аз хастагӣ то дарди сар ва дарди баданро дар бар мегиранд. «Омикрон» дар зиёда аз сад мамлакат, аз чумла кишварҳои ИДМ ошкор карда шудааст.
АКС: Reuters








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






