Сирри барқвор паҳн шудани «омикрон» ошкор шуд

Январь 26, 2022 10:37

ДУШАНБЕ, 26.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Штамми коронавируси «омикрон» аз сабаби зинда мондани он дар баъзе сатҳҳо зуд паҳн мегардад, чунин мегӯянд олимони Донишгоҳи тиббии Киотои Ҷопон. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, натиҷаи пажӯҳиши онҳо дар портали Biorxiv нашр шудааст.

Ба гуфтаи коршиносон, мутатсияи нави SARS-CoV-2 қодир аст дар ашёи пластикӣ ва пӯсти инсон нисбат ба нусхаҳои қаблии вирус хеле дарозтар зиндагӣ кунад. Илова бар ин, зикр карда мешавад, ки «омикрон» метавонад муддати тӯлонитар  сирояткунанда боқӣ монад.

Дар пластик муҳлати миёнаи мавҷудияти ҳадди охири вирус 56 соатро ташкил дод. «Делта» 114 соат боқӣ мондааст. «Омикрон» тавонист дар рӯи чунин ашё тақрибан 193,5 соат зиндагӣ кунад,- аниқ кардаанд олимон.

Дар намунаҳои пӯсти ҷасадҳо SARS-CoV-2-и аввалин 8,6 соат ва мутатсияи охирин 21,1 соат мавҷуд будааст.

Тавре муҳаққиқон тахмин мекунанд, аз як тараф маҳз бо ҳамин сабабҳо “омикрон” намудҳои қаблии коронавирусро иваз карда, бо суръати барқвор ​​ба афзоишёбӣ сар кард.

Мутатсияи B.1.1.529, ки бо номи штамми omicron низ маълум аст, охири моҳи ноябр дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ муайян карда шуд. Он даҳҳо тағйиротро дар S-протеини барои сирояти ҳуҷайраҳо зарурӣ дорост. Ба гуфтаи олимон, тағйироти зиёди геном аз интиқоли баланди ин намуд ва муқовимати он ба подтанҳои муҳофизатӣ шаҳодат медиҳанд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки афроди аллакай беморшудаю  ваксинагирифта низ метавонанд ба он мубтало шаванд ва нишонаҳои он аз хастагӣ то дарди сар ва дарди баданро дар бар мегиранд. «Омикрон» дар зиёда аз сад мамлакат, аз чумла кишварҳои ИДМ ошкор карда шудааст.

АКС: Reuters

Январь 26, 2022 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн