Соли 2021 олимони АМИТ 18 патент барои ихтироот ва 21 қарори мусбат оид ба додани патенти Тоҷикистон барои ихтироотро ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 05.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз рӯйи натиҷаҳои илмии бадастомада соли 2021 аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии АМИТ беш аз 4911 кори илмӣ, аз ҷумла беш аз 300 китобу монография, маҷмӯаҳои илмӣ, тавсиянома, 3150 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ, аз онҳо 2400 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 310 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба нашр расиданд. Ин нуктаро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ имрӯз зимни ҷаласаи солона оид ба натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии АМИТ дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 иброз намуд.
Тавре хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, маҷлиси умумии солонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки аъзои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотии АМИТ, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони воситаҳои ахбори омма доир гардид.
Дар маҷлиси солона зикр гардид, ки соли 2021 аз тарафи олимони АМИТ 18 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ва 21 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ба даст оварда шуд. Инчунин барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот 26 коркард ва таклифу тавсияҳои олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
Дар соли сипаригардида вобаста ба масъалаҳои муҳими илмӣ дар АМИТ беш аз 80 чорабинии илмӣ, аз ҷумла, 5 симпозиуми байналмилалии илмӣ, 10 конференсияи илмии байналмилалӣ, 28 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 1 сессияи илмӣ, 28 семинари ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, 6 мизи мудаввар ва 3 курси омӯзишӣ омода ва баргузор карда шуданд.
Президенти АМИТ афзуд, ки дар соли сипаригардида аз ҷониби АМИТ лоиҳаи санадҳои зерини ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишнома миёни АМИТ ва Муассисаи федералии буҷетии давлатии “Маркази миллии таҳқиқотии “Институти Курчатов” оид ба ҳамкории илмӣ ва илмию техникӣ; Ёддошти тафоҳум миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ҶС “Корпоратсияи русиягии таҷҳизотсозии ракетавӣ-кайҳонӣ ва системаҳои иттилоотӣ” ва ҳоказо таҳия гардида, ба имзо расонида шуданд.
Ҳамзамон Фарҳод Раҳимӣ дар мавриди вазифаҳои асосии Раёсат ва шуъбаҳои АМИТ дар соли 2022 иброз намуд, ки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 21 декабри соли 2021 баён шудаанд, ибрози назар намуда, барои сари вақт иҷро кардани онҳо супоришҳои мушаххас дод.
Аз ҷумла, мусоидати ҳаматарафа ба идома додани корҳои илмиву тадқиқотии бунёдӣ ва амалӣ аз рӯйи самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи соли 2030; ҷалби бештари ҷавонони лаёқатманд ба муассисаҳои илмии АМИТ дар зинаҳои магистратура, доктурантура ва ҳамзамон тибқи созишномаҳои дуҷониба бо муассисаҳои илмии хориҷи мамлакат омода намудани мутахассисони равияҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва техникӣ дар хориҷи кишвар; таъмини муассисаҳои илмӣ бо абобу таҷҳизоти нави илмӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, реактивҳо ва дигар маводи ёрирасон; андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати рушди илмии соҳаҳои фармасевтӣ ва тавонбахшии маъюбон, амалӣ намудани ҳадафҳои “Консепсияи миллии таҳқиқоти илмии мақсаднок оид ба масъалаҳои рушди инсон, таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ барои солҳои 2013-2028”, “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” ва ғайра.
Дар ҷаласа ҷиҳати баррасии гузориши ҳисоботии президенти АМИТ мубоҳиса доир гардид, ки дар он академикҳо Иззатулло Ғаниев, Ғиёсиддин Меъроҷов ва узви вобастаи АМИТ Мирзоҳасани Султон ширкат намуда, ба гузориш аз нигоҳи мусбат баҳо гузоштанд.
Академик Ғ.Меъроҷов зарурати ташкил ва роҳандозӣ шудани саноати дорусозиро зикр намуд. Ба қавли мавсуф, бояд миёни АМИТ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар масъалаи рушди илми тиб бо дарназардошти таҳияи корхонаҳои истеҳсоли маводи доруворӣ ва ташкили Институти фармакология ақидаи воҳид пешниҳод шавад, чунки бидуни озмоишгоҳҳои илмӣ илми тиб аз таъмини рушд маҳрум мемонад.
Дар охири ҷаласаи мазкур ба олимони ҷавон ва кормандони фаъоли илмӣ ҷоизаҳо супорида шуданд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ