ТОЛИБОН «ОВОЗИ ХАЛҚИ АФҒОН»-РО ҲАБС КАРДАНД. Эътирози занон дар Кобул ба далели боздошти устоди донишгоҳ

Январь 10, 2022 16:49

ДУШАНБЕ, 10.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кобул занони афғон бо талаби озод кардани устоди донишгоҳ Файзулло Ҷалол дубора даст ба эътироз заданд. Дар ин бора РИА «Новости» бо нашри акс аз ҷои ҳодиса хабар дод. Ба иттилои агентӣ, профессорро «Толибон»* рабудаанд. Ба гуфтаи манбаъ, интиқоди ӯ аз элитаи ҳокими «Толибон»* ба ин амал боис шудааст.

Духтари ӯ Ҳасина Ҷалол рӯзи шанбе гуфт, падарашро 8 январ дар манзилашон дар Кобул ҷангҷӯён боздошт карда, ба самти номаълум бурдаанд. Рӯзи дигар занони афғон бо шиорҳо ва талаби баргардонидани профессор ба кӯчаҳо баромаданд. Онҳо эълом мекунанд, ки озодии баён ҷиноят нест ва ҳамчунин амалҳои толибонро маҳкум менамоянд.

Тавре агентӣ менависад, сабаби боздошт метавонад суханронии профессор дар шабакаи телевизионии «Tolo News» бошад, ки 20 ноябри соли 2021 сурат гирифт. Он замон ӯ алайҳи толибон иттиҳом кард ва зикр намуд, ки онҳо қудратро монополия кардаанд ва озодии баёнро нақз менамоянд.

Зимни пахши телевизионӣ профессори илмҳои ҳуқуқ ва сиёсат аз толибон интиқод намуд ва бо яке аз меҳмонони ин барнома Муҳаммад Наим, сухангӯи Толибон баҳси тунд кард.

«Вазъи кунунии Кобул бароям дардовар аст, — гуфт Файзулло Ҷалол. — Мардум чизе барои хӯрдан надоранд. Ин чӣ гуна амният аст? Ҳеҷ кас чизе гуфта наметавонад».

Ӯ ҳамчунин Наимро «гӯсола» хонд, ки дар Афғонистон таҳқир ҳисобида мешавад ва маънии «аҳмақ»-ро дорад. Ин пас аз он ба амал омад, ки Наим ба саломатии рӯҳии Файзулло Ҷалол шубҳа кард ва изҳор дошт, ки коммунист аст.

Наворҳои Файзулло Ҷалол дар шабакаҳои иҷтимоӣ мисли вирус паҳн шуданд ва бисёре аз афғонҳо аз шуҷоати ӯ ситоиш карданд. Бархе аз афғонҳо ба нишони ҳамраъйӣ акси ӯро дар профилҳои худ гузоштанд.

Дар вокуниш ба хашм аз боздошти Файзулло Ҷалол, сухангӯи «Толибон»* Забеҳулло Муҷоҳид дар Твиттер навишт, ки профессор барои изҳороти беасос ва таҳрики мардум алайҳи «Толибон»* боздошт шудааст.

Муҷоҳид инчунин скриншотҳоро аз саҳифаи тасдиқнашудаи Твиттер, ки ба гуфтаи ӯ, ба Файзулло Ҷалол тааллуқ доранд, нишон дод. Дар саҳифа иттиҳомоти ҷиддӣ алайҳи «Толибон»* мавҷуд буданд.

Аммо Ҳасина Ҷалол ин саҳифаро, ки толибон ба падараш нисбат доданд, қалбакӣ номид. Баъдтар онро соҳиби он ё шабакаҳои иҷтимоӣ нест карданд.

Профессори Донишгоҳи Кобул бо интиқоди ошкори худ аз роҳбарони ин кишвар, аз ҷумла, Ҳомид Карзай ва Ашраф Ғанӣ, президентҳои пешини ин кишвар маъруф аст. Дар тӯли ин солҳо ӯ дар мубоҳисаҳои сершумори телевизионӣ дар Афғонистон ширкат кардааст.

“Дар тӯли 20 соли гузашта ва ҳатто пеш аз он профессор барои адолат ва волоияти қонун дар Афғонистон мубориза бурда, мунаққиди режимҳо ва ҳукуматҳои қаблӣ буд. Пас аз интиқоди шадид аз режими кунунӣ ӯ таъқиб шуд ва ҷонаш дар хатар аст», — гуфт духтараш.

Дар вокуниш ба боздошт мардуми одии афғон ва бисёре аз созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ба ҳимоят аз Ҷалол баромад ва бархе ӯро «овози мардуми афғон» унвон карданд.

“Файзулло Ҷалол тӯли ду даҳсола амрикоиҳо, Ашраф Ғанӣ ва Ҳомид Карзайро маҳкум ва танқид кардааст. Аммо ӯро боздошт накарданд. Ӯ танҳо як бор бар зидди толибон баромад ва ҳоло дар паси панҷара қарор дорад», — гуфт хабарнигори New York Times Шариф Ҳасан.

Муовини директори Созмони Дидбони ҳуқуқи башар дар Осиё Патрисия Госсман «Толибонро»* айбдор кард, ки «ҳама гуна интиқодро мисли ҳама режимҳои худкома ҳамчун таҳдид қабул мекунанд».

Файзулло Ҷалол ҳамчунин шавҳари яке аз аввалин номзадҳои зан ба курсии президентии Афғонистон Масъуда Ҷалол аст, ки соли 2004 бо Ҳомид Карзай рақобат карда буд.

________________

* Ҳаракати «Толибон» таҳти таҳримоти СММ барои фаъолияти террористӣ қарор дошта, дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигар ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф шудааст.

Январь 10, 2022 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид