Ҳунарпешаи шоистаи Озарбойҷон Офоқ Аббосова ва яккасарои операи Италия Валерия Мела ба Душанбе меоянд
ДУШАНБЕ, 25.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунарпешаи шоистаи Озарбойҷон Офоқ Аббосова ва яккасарои операи Италия Валерия Мела, ки моҳи майи соли гузашта бо ҳунарнамоии бошукӯҳи худ тамошобини тоҷикро тасхир намуда буд, вориди Душанбе мешаванд, хабар медиҳад маркази матбуоти Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.
Ҳунарпешагон дар лоиҳаи байналмилалии «LA TRAVIATA» иштирок менамоянд.
«Ду яккасарои театр бо ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ баромад менамоянд. Барномаро профессори консерваторияи Милан ба номи Ҷ. Верди маэстро Делфо Меникуччи дирижёрӣ менамояд. Эҷоди ҷовидонаи Ҷузеппе Верди – операи «Травиата»-ро ҳайати эҷодии театр ба забони асл омода карда истодааст», — хабар медиҳад манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки Офоқ Аббосова- яккасарои варзидаи Театри давлатии академии опера ва балети Озарбойҷон, барандаи ҷоизаи байналмилалии ҷавонон «Иттиҳоди дебютҳо», ҷоизаи миллии «Хумай», ситораи дурахшон ва рамзи муосири операи Озарбойҷон буда, сафарҳои ҳунарии зиёде ба кишвархои Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Америка кардааст. Номи ӯ аллакай дар Русия, Беларус, Австрия, Олмон, Фаронса, Велокобритания, Туркия, Юнон, ИМА, Гурҷистон, Қазоқистон, Молдова хеле маъмулу машҳур аст. Имсол дар Италия дар Театри операи Ҷузеппе Верди нахустнамоиши ҷаҳонии асари Отторино Респиги баргузор мешавад, ки Офоқ Аббосова дар он нақши асосиро иҷро мекунад.
«Сокинону меҳмонони пойтахт 26-27 феврал метавонанд аз эҷодиёти ҷовидонаи Ҷузеппе Верди — операи «Травиата» баҳра бардоранд. Чиптаҳоро метавон аз кассаи театр (221-62-91) ва сомонаи echipta.tj дастрас намуд», — хабар доданд аз театр.
АКС: Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон








Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд






