Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм доир шуд
ДУШАНБЕ, 10.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ оид ба баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (БХМ ҚД/МТ) таҳти роҳбарии мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Сироҷзода бо иштироки намояндагони мақомоти дахлдор баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон.
Роҳбари Гурӯҳи корӣ Сайфиддин Сироҷзода иброз дошт, ки БХМҚД/МТ яке аз талаботи муҳими гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ) ба ҳисоб рафта, дар он ба хавфҳои миллии кишварҳо баҳо гузошта мешавад. Аз ин рӯ, намояндагони мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳангоми баҳогузорӣ хавфҳои ҷойдошта ва эҳтимолии кишвар ба инобат гирифта шаванд.
Инчунин дар ҷаласа директори Департаменти мониторинги молиявӣ ба аъзои гурӯҳи корӣ маълумот оид ба гузаронидани БХМ ҚД/МТ-и навбатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯнамо вобаста ба рӯйхати саволномаҳоро, ки аз ҷониби коршиноси байналмилалӣ пешниҳод шудаанд, пешниҳод намуд. Роҳбарияти департамент зикр намуд, ки дар оянда вохӯрии коршиноси ҷалбшуда бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ вобаста ба масъалаҳои марбут ба баргузории БХМ ҚД/МТ-и навбатӣ дар назар дошта шудааст. Роҳбари гурӯҳи корӣ афзуд, ки нақши ҳар вазорату идора дар ҷараёни баргузории ин баҳодиҳӣ бо пешниҳоди маълумот тибқи саволномаҳо сурат гирифта, корҳо дар ин самт бояд сари вақт иҷро шаванд.
Мавриди зикр аст, ки БХМ ҚД/МТ бори нахуст дар кишварамон аз моҳи апрели соли 2015 то моҳи сентябри соли 2017 тибқи талаботи ФАТФ ва дар доираи кумаки техникии Бонки Осиёии Рушд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом гузаронида шудааст.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0520 то 11.0600 сомонӣ муқаррар шудааст
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад






