Ҷамолиддин Абдуллозода аз беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Ҷайҳун ва Панҷ дидан кард
ДУШАНБЕ, 12.02.2022. /АМИТ «Хова»/. 11 феврал ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба вилояти Хатлон сафар намуда, бо фаъолияти беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Ҷайҳун ва Панҷ шинос шуд, иттилоъ доданд дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.
Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти шуъбаҳои беморхонаҳои мазкур шинос шуда, ҳамзамон бо беморон ва наздикони онҳо суҳбати озоду ошкоро анҷом дод. Мавсуф зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона сохта, корҳои назаррас ба анҷом расонид.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зимни вохурӣ бо роҳбарият ва кормандони беморхонаҳои мазкур масъалаҳои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, одоби муоширати табибон бо беморон, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ва ғайраро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода, баҳри бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд






