Ҷамолиддин Нуралиев ба донишҷӯёни ДСРТ оид ба дигаргунсозии ниҳодӣ дар самти сиёсати пулию қарзӣ рӯнамо пешниҳод намуд

Февраль 11, 2022 09:36

ДУШАНБЕ, 11.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани маърифати молиявии ҷавонон ва бедор кардани завқу ҳаваси онҳо ба донишандӯзию қавӣ гардонидани қобилияти навҷӯӣ муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев барои беш аз 400 нафар донишҷӯён, унвонҷӯён ва муаллимони ҷавон, ҳайати профессорон ва устодони Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон бо истифода аз шаклу усулҳои фаъоли таҳлилу баррасӣ таҳти унвони «Дигаргунсозии ниҳодӣ дар самти сиёсати пулию қарзӣ. Барқарорсозии эътимоднокӣ ва боварӣ» рӯнамо пешниҳод намуд. Дар ин бора дар Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ҷамолиддин Нуралиев иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистонро доир ба ташкили вохӯрӣ барои афзун гардонидани сатҳи малакаву дониш ва тафаккури молиявию иқтисодӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии иқтисодии ҷавонон бо истифода аз амалия ва назарияи муосир муҳим арзёбӣ намуд.

Зикр шуд, ки рӯнамо аз 88 слайд иборат буда, бо се забон: давлатӣ, русӣ ва англисӣ таҳия шуда, давраи 11 соли охирро бо назардошти таҳлилҳо ва диаграммаҳо фаро мегирад.

Ҷамолиддин Нуралиев аз татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ роҷеъ ба раванди гузариш аз реҷаи маъмулии ҳадафгирии монетарӣ ба реҷаи сифатан нави сиёсати пулию қарзӣ — ҳадафгирии таваррум ҳамчун яке аз нишондиҳандаҳои фундаменталии макроиқтисодӣ баҳри таъмини суботи нархҳо ва нигоҳдории сатҳи муътадили таваррум, тақсими самараноки захираҳо, афзоиши ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ, ки дар маҷмӯъ дар рушди воқеии иқтисодиёт ва сатҳи некӯаҳволии мардум таъсири мусбат расонидааст, ибрози ақида намуд. Баъдан Ҷамолиддин Нуралиев  таҳия ва татбиқи стратегияи сиёсати монетарӣ бо истифодаи самараноки фишангҳои нави монетарӣ, мукаммал гардонидани иқтидори таҳлил ва дурнамосозӣ, гузариш ба стандартҳо ва методологияҳои омори байналмилалӣ, ҷорӣ намудани платформаи мутамаркази автоматии шаффофи электронии савдо, раванди таъсирбахшии меъёри бозтамвил ба сатҳи таваррум, таъмини шаффофият дар амалиёти монетарӣ ва роҳандозӣ гардидани ислоҳоти дигари таъсирбахшро шарҳу тавзеҳ дод.

Татбиқи ислоҳоти самараноки таъсирбахш имкон фароҳам овард, ки сатҳи таваррум дар доираи ҳадафи пешбинишуда нигоҳ дошта шуда, муътадилии қурби пули миллӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин гардад.

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба вазъи низоми бонкӣ ва мукаммал гардидани сохтори он тавассути татбиқи ислоҳоти «гузариш аз миқдор ба сифат», ки боиси беҳтар шудани сифати дороиҳои низоми бонкӣ, коҳиш ёфтани қарзҳои ғайрифаъол, баланд шудани сатҳи кифоятии сармоя ва пардохтпазирӣ, зиёд гардидани ҳаҷми қарзҳои додашуда давоми 6 соли охир гардид, сухан гуфт.

Зикр шуд, ки дар натиҷаи таҳкими сифатии низоми бонкӣ нишондиҳандаҳои асосии устувории молиявӣ, новобаста аз берун шудани ташкилоти қарзии мушкилотдор (ғайри қобили пардохт) аз низоми бонкӣ дар қиёс бо баъзе аз кишварҳо дар сатҳи баланд қарор дошта, беҳтаршавии вазъи молиявии низоми бонкӣ идома дорад.

Қисмати дигари рӯнамо ба ислоҳоти институтсионалии муҳим, аз ҷумла таъсиси Маркази миллии протсесингии интиқоли маблағҳо (ММПИМ) ва Тамсилаи мутавозуни ниҳодии шаффофияти гардиши воситаҳои асъорӣ бахшида шуд, ки ин падида дар ҷаҳон ҳамто надошта, ба таъмини шаффофияти ниҳодӣ, рақобати солим дар бозори дохилии асъор ва рушди низоми бонкӣ дар сатҳи сифатан наву муосир равона шудааст.

Ҷамолиддин Нуралиев таъкид дошт, ки бо фаъол шудани ММПИМ хавфҳои вобаста ба пардохтпазирии низомҳои пардохтӣ пурра аз байн бурда шуда, рақобати солим дар бозори интиқоли маблағҳо таъмин гардид, хавфҳои расмикунонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар ҳудуди кишвар ба маротиб коҳиш дода шуд. Гуфта шуд, ки Марказ ба рушди инфрасохтори ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ такони ҷиддӣ дода, дар давраи фаъолияти он кортҳои пардохтӣ ба андозаи 1,3 миллион  адад (дар маҷмӯъ 3,5 миллион адад) ва шумораи ҳамёнҳои электронӣ 10 баробар зиёд шуд.

Дар баробари ин, Ҷамолиддин Нуралиев рушди устувори бозори асъор ва стратегияи бартараф кардани буҳронҳо, стратегияи тақсимоти дороиҳо дар идоракунии самараноки захираҳои байналмилалӣ ва диверсификатсияи сохтори он, сиёсати самараноки қурби асъор ва идоракунии лаппишҳои қурбӣ тавассути механизмҳои зарурӣ, тадбирҳои Бонки миллии Тоҷикистон баҳри  пешгирии хавфҳои Соvid-19, ислоҳоти институтсионалии Бонки миллии Тоҷикистонро дар солҳои 2015-2021 дар асоси таҳлили 11 соли охир муфассал шарҳ дод.

Дар маҷмӯъ, зимни рӯнамо оид ба нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, аз ҷумла маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, рушди воқеии иқтисодиёт, сатҳи таваррум ва тамоюли тағйирёбии онҳо дар ёздаҳ соли охир (солҳои 2011-2021) маълумот пешниҳод гардид.

Ҳамзамон муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон  Ҷамолиддин Нуралиев оид ба идомаи сиёсати Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла пешбурди сиёсати самараноки пулию қарзӣ бо татбиқи реҷаи гузариш ба ҳадафгирии таваррум, муътадил нигоҳ доштани сатҳи таваррум, идоракунии самараноки захираҳои байналмилалӣ, татбиқи сиёсати самараноки қурби асъор бо реҷаи нисбатан озод шинокунанда, фарогирии молиявӣ ва баланд бардоштани саводнокии молиявӣ, таъмини устувории низоми бонкӣ ва таҳкими эътимод ба низоми бонкӣ сухан ронд.

Иштирокдорон вобаста ба масъалаҳои таваррум ва дурнамои он, аз рӯи нишондиҳандаҳо муқаррар намудани меъёри бозтамвил, пешгирии хавфҳои низоми бонкӣ вобаста ба омилҳои берунӣ, назорати бонкӣ ва меъёрҳои мақбул, эмиссияи пул, рушди бозори коғазҳои қиматнок ва қарзҳои ипотекӣ, тадбирҳои БМТ барои муътадил нигоҳ доштани қурб, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои бонкӣ, рушди зеҳни сунъӣ ва амсоли инҳо пурсон шуда, ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки бо истифода аз манбаъҳои захиравии Донишгоҳ, устодони ботаҷриба, шароити муосири фароҳамшуда ва фазои сулҳу субот дар кишвар донишу малакаи худро бо такя ба таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ такмил дода, дар рушди минбаъдаи иқтисодиёт саҳм гузоранд.

«Агар заррае  дар тафаккури шумо майлу рағбатро ба донишандӯзӣ ва навҷӯиву навгонӣ бедор карда тавонистам ва дар афзун гардидани сатҳи донишу малакаи шумо нақше гузоштам, рисолати имрӯзаи хешро ба ҷо оварда ҳисоб мекунам”, — изҳор дошт Ҷамолиддин Нуралиев дар хотима.

 

АКСҲО: Бонки миллии Тоҷикистон

Февраль 11, 2022 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон татбиқи лоиҳа оид ба барқикунонии нақлиёти ҷамъиятӣ бо дастгирии Комиссияи СММ оғоз гардид
IRS: Оқибати харобиовари сел дар роҳи Душанбе-Чанок қисман бартараф гардид
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти Бонки Осиёии Рушд ҷалби сармоя ба сохтмони иншооти муҳими стратегиро баррасӣ намуд
Оилаи Абдуғаффор Қаюмов дар ноҳияи Ҷайҳун аз соли 1982 ба парвариши кирмаки пилла машғул аст
Дар Риёз Саммити сармоягузорию иқтисодии «Давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Халиҷ – C5 GCC» баргузор мешавад
Дар Конибодом вазъи таъминоти заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ беҳтар гардидааст
Имрӯз Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024» анҷом меёбад
Дар шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Фаластин дар соҳаҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамкориро тавсеа медиҳанд
«ТОШКАНД-2024». Форуми соҳибкорони вилоятҳои Суғд ва Тошканд баргузор гардид
Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо ба бунёди марказҳои логистикӣ дар Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар панели сатҳи баланд марбут ба маблағгузории «сабз» дар Тифлис сухан гуфт