Аз шаҳру деҳоти Кӯлоб ба хориҷи Тоҷикистон беш аз 1050 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст
ДУШАНБЕ, 11.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти оморӣ, дар шаҳри Кӯлоб соли сипаригардида дар майдони 45,8 гектар кишти барвақтии картошка гузаронида шуд, ки баробар ба 26,2 фоизи нақша мебошад. Дар шаҳри Кӯлоб 23 адад гармхона мавҷуд аст, ки масоҳаташон 1,35 гектарро ташкил медиҳад. Соли гузашта аз шаҳру деҳоти Кӯлоб ба хориҷи мамлакат зиёда аз 1050 тонна ё баробари 100 фоизи нақша маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шуд. Дар ин бора 10 феврал иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.
Бахтиёр Назарзода афзуд, ки айни ҳол дар майдони 189,45 гектар 57 хоҷагии моҳипарварӣ ташкил карда шуда, дар онҳо 206,9 ҳазор дона моҳича парвариш ёфта истодааст.
Шумораи занбӯри асали хоҷагиҳо ба 6975 оила расонида шуда, истеҳсоли асал соли гузашта 119,5 тоннаро ташкил дод. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 663,5 млн сомониро ташкил дод, ки назар ба соли 2020 16 млн сомонӣ зиёд буда, афзоиш 102,5 фоизро ташкил медиҳад.
«Соли 2021 бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат аз тамоми имконият пурсамар истифода намуда, 6 коргоҳи нав, аз ҷумла ҷӯроббофии «Ваҳдат-текстайл», дару тирезаҳои пластикӣ, истеҳсоли орд, обҳои ташнагишикан, дӯзандагӣ ва коркарди сангу шағал ба истифода дода шуданд. Дар минтақаи саноатии шаҳри Кӯлоб, ки майдони умумии он 6,9 гектарро ташкил медиҳад, бунёди 8 корхонаи истеҳсоли сангҳои ороишӣ, маҳсулоти сохтмонӣ, консерваи меваю сабзавот, гипсокардон, истеҳсоли ҳасиб ва ғайра идома дорад»,- иброз намуд Бахтиёр Назарзода
Дар нишаст зикр шуд, ки дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» сохтмони корхонаҳои истеҳсолии қисмҳои эҳтиётии мошинҳо, коркарди намак, истеҳсоли равғани растанӣ ва набот ҷараён дорад. Тибқи таҳлилҳо, дар ин давра корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 309,7 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба як соли пеш 31,8 млн сомонӣ зиёд аст.
АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад






