Дар Тоҷикистон баҳогузорӣ ба сифат ва сатҳи азхуднамоии барномаҳои таълимӣ ба раванди меъёрҳои фаннию касбӣ мутобиқ карда мешавад

Февраль 14, 2022 15:21

ДУШАНБЕ, 14.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки соли 2022 индикатор ва меъёрҳои муайянкунандаи сифати таҳсилот ва сатҳи донишазхудкуниро дар мувофиқа ва ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдиди назар карда, баҳогузорӣ ба сифат ва сатҳи азхуднамоии барномаҳои таълимиро ба раванди ислоҳот ва стандартҳои фаннию касбӣ мутобиқ намояд.

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори ин ниҳод Шоҳин Саидзода ба доираи васеи хабарнигорон хабар дод.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби кормандони Агентӣ ҷиҳати арзёбӣ намудани сифати таҳсилот, омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ намудани забонҳои русӣ ва англисӣ давоми соли ҳисоботӣ омӯзиш ва мониторинги сифати таҳсилот тибқи нақшаи корӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот гузаронида шуд.

Дар соли сипаригардида тибқи нақшаи кори Агентӣ барои муайян намудани сифати таҳсилот  ва сатҳи донишазхудкунии хонандагону донишҷӯён дар 831 муассисаи таълимӣ санҷиш гузаронида шуд. Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумии санҷидашудаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сатҳи донишазхудкунии хонандагон 77,6 фоиз ва сифати таҳсилот 38,4 фоизро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки «… раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад».

 

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Февраль 14, 2022 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд